Рекламаи китобдорӣ ҳамчун муҳаррики фаъолияти китобхонаҳо

   Дар оғоз бояд зикр кунем, ки реклама ҳанўз то милод  вуҷуд доштаст, яъне дар ҳар як марҳилаи инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ реклама истифода карда мешуд. Дар Миср ва Юнони  Қадим эълонҳои реклама дар лавҳаҳои чўбин навишта мешуданд ва бо пораҳои оҳан ё устухон ороиш дода мешуданд. Инчунин дар он гуна ҷойҳои ҷамъ шудани мардум бо овозӣ  баланд  дар хусуси  ин ё он амал, мол ва  хизматрасонӣ  дигаронро огоҳ менамуданд.

   Агар сатҳи асосии ҳаракати рушди рекламаро дар давраҳои қадим пайгирӣ намоем, муайян  мешавад, ки хусусан  дар Миср ва Юнони Қадим ин наъи рекламаҳо дида мешуд:

 1.Рекламаи шифоҳӣ;

 2.Рекламаи матн;

 3.Рекламаи рамзӣ;

 4.Рекламаи намоишӣ.

   Равнақ додани фаъолияти китобхонаҳо имрўзҳо зарурияти омўзиш ва истифодабарии унсурҳои ниҳоят зиёди хизматрасонӣ ба хонандагонро ба миён овард. Яке аз унсурҳои асосӣ, ки дар ҳар як марҳилаи  рушди  таърихӣ, муносибатҳои  байни дарборҳои шоҳон ҳамроҳӣ кардааст, ин реклама китоб (яъне теъдоди китобҳои ҷойдошта дар китобхонаи дарбори шоҳ)  мебошад. 

   Мафҳуми реклама аз калимаи лотинӣ( rekiamr)  гирифта шуда, ба маънои баланд фарёд кардан, огоҳ намудан ё мужда додан аст. Дар Миср ва Юнони Қадим ҳанўз 2000 сол пештар эълонҳо бо овози баланд дар бозорҳо, майдонҳои ҷангӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ хонда мешудаанд. Реклама новобаста аз давраи тўл кашидааш ба  қарнҳои таърих, моҳият ва мақсади худро гум накарда, баръакс имрўзҳо ҳамчун падидаи муосир тамоми соҳаҳои фаъолияти ҷамъиятиро фаро гирифтааст.  

   Имрўз дар тамоми олам аҳамияти реклама дар тарғиби китобу китобхона, хадамоту маҳсулоти китобдорӣ на танҳо эътироф гардидааст, балки аз ин фишанги тавоно барои ҷалби хонандагон, тарғиби китоб, дастраси омма гардонидани маҳсулоту хадамоти китобхона, баланд бардоштани обрўю нуфузи он ба таври васеъ ва  самаранок истифода мебаранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани рекламаи китобдорӣ аллакай заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар баробари қабули санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии соҳаи китобдорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» қабул гардидааст

   Аслан, тибқи мақсад, дар китобхонаҳои гуногун намудҳои зерини реклама маъмуланд: ибтидоӣ, рақобатӣ ва дастгирикунанда.

   Мақсади  рекламаи ибтидоӣ  шинос намудани истифодабаран­дагон ба хадамоти нав тавассути пахши маълумот дар бораи онҳо: мазмуну моҳият, макони дарёфти он, арзиш ва ғайра мебошад. Ин гуна реклама эътимоди истифодабарандагони эҳтимолиро барои дарёфт, қабул ва гирифтани хадамоту маҳсулоти нави китобхона қавӣ ва устувор мегардонад.

   Рекламаи рақобатӣ ба ҷудо намудани хадамоту маҳсулоти рекламашаванда аз анбуҳи ҳамин гуна хадамоту маҳсулот, ки дигар китобхонаву муассисаҳои иттилоотӣ пешакаш намудаанд, инчунин тавсифи бартарияту фарқияти онҳо нигаронида шудааст. 

   Рекламаи дастгирикунанда барои ба таври устувор нигоҳ доштани талабот ба хадамоту маҳсулоти китобхона, ки  майлу рағбат нисбаташон кам гардида истодааст, равона гардидааст.

   Дар китобхонаҳои оммавии як қатор кишварҳои пасошўравӣ воситаҳои зерини реклама ба таври васеъ истифода бурда мешаванд:

  • Реклама дар матбуот
  • Реклама дар телевизион
  • Реклама дар радио
  • Рекламаи беруна
  • Реклама дар расмиёти (ҳангоми ба расмиёт даровардани хадамот) хадамот
  • Реклама дар китобхона

   Зимни он якчанд омилҳои (ҳолатҳои) зерин ба инобат гирифта мешаванд:

  • Рекламдиҳанда муайян менамояд, ки чи қадар одамон дар доираи гурўҳи мақсаднок дар фосилаи мушаххаси вақт бояд ба маъракаи рекламавии ў  шинос шаванд.

   Суръати такроршавии реклама: Рекламадиҳанда ба қайд мегирад, ки дар фосилаи мушаххаси вақт истифодабарандаи китобхона бояд чанд маротиба ба рекламаи ў дучор гарданд (онро пайхас кунанд, бинанд, рў ба рў шаванд).

   Таъсирнокӣ: Арзёбии самаранокии таъсири реклама бағоят муҳим аст. Зеро он робитаро бо реклама таъмин мекунад. Масалан. Таъсири рекламаи телевизионӣ нисбат рекламаи радио аз он иборат аст, ки дар телевизион реклама бо истифодаи ду навъи таъсиррасонӣ овоз ва тасвир пахш мегардад.

   Бо шарофати истифодаи самараноки реклама китобхона на танҳо истифодабарандагони худро шавқманд гардонида, теъдодашонро афзун мегардонад, балки  имиджи  худро баланд мебардорад.

   Имрўз истифодабарандагони китобхонаҳо аз нигоҳи сатҳи донишу фаҳмиш, синну сол, майлу рағбат, шавқу ҳавас, сатҳи даромаднокӣ ва ғайра аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аз ин рў, ҳар як гурўҳи мақсаднок дорои меъёрҳои мушаххаси талабот мебошад. Ба андешаи мутахассисони соҳаи китобдорӣ гурўҳҳоигуногунро тибқи аломатҳои муайян ҷудо намуда, барои қонегардонии эҳтиёҷоти онҳо маҳсулоту хадамоти махсус ташаккул додан ба мақсад мувофиқ мебошад. Масалан, донишҷуён баштар ба маводи таълимӣ, нусхабардорӣ, истифодаи принтер, пойгоҳи маълумотии электронӣ, интернет бештар эҳтиёҷ доранд. Дар чунин маврид донистани эҳтиёҷотӣ истифодабарандагон бисёр муҳим буда, имкон медиҳад, ки ба ҳаҷм, шумора, сифат, арзиш, вақти хизматрасонӣ ва омилҳои дигаре, ки ба бозори хадамоту маҳсулоти китобхона таъсир мерасонанд, тағйироти саривақтӣ ворид намоем.

   Омўзиши хусусияти талаботи истифодабарандагон бароибанақшагирӣ ва аниқ намудани масъалаҳои зерин имкон фароҳам меорад:

- ин ё он хизмату маҳсулоти китобхона барои қонеъгардонии кадом эҳтиёҷоти истифодабарандагонравонакарда шудааст;

- самаранокии хадамоту маҳсулот муайян карда шавад;

- сарчашмаи иттилоърасонии истифодабарандагон дар доираи хадамоти китобхона муайян карда шавад;

- ба истифодабарандагон нисбати дастёбии иттилооти зарурӣ кўмак расонида шавад;

- баҳои (арзёбии) истифодабарандагон оид ба хадамот ва маҳсулоти китобхона муайян карда шавад;

- равандҳо дар сатҳи устувор ва зарурӣ нигоҳ доштани тамоми хадамоту маҳсулоти китобхона таҳия карда шавад.

   Пас аз баргузории маъракаи реклама ва омўзиши талаботи истифодабарандагон имкони воридсозии хизматрасониҳои нави пулакӣ дар фаъолияти китобхона фароҳам меояд, ки он ҷузъиҷудонопазири фаъолияти маркетингиикитобхона ба шумор меравад. Аз ҷониби дигар хизматрасонии пулакӣ барои ҳалли мушкилоти рўзмарраи китобхона мусоидат намуда, ба раванди рушди китобхона суръат мебахшад. Аз чунин имконият аксарияти китобхонаҳоиолам самаранок истифода мебаранд.

   Дар шароити имрўза китобхонаҳои Тоҷикистон бо дарназардошти рақобати нобаробар бо шабакаи глобалии интернет имконияти тарғибу ташвиқи самараноки фонди китобхонаро надоранд, вале барои истифодаи имконияти эҷодии кормандони китобхонаҳо ягон садди ҷиддие мавҷуд нест. Маҳз бо истифодаи ҳамин нерўи эҷодӣ китобхонаҳо метавонанд дар бозори иттилоотии муосирмақому манзалати устувору арзанда пайдо кунанд.

   Барои ин бо дарназардошти хусусиятҳои китобхона ҳамчун муассисаи ғайритиҷоратӣ омўхтан ва дар амал татбиқ намудани қонуниятҳои реклама зарур аст.  Тавре, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» зикр гардидааст, - «Реклама бояд бе донишҳои махсус ё бе татбиқи воситаҳои техникӣ, бевосита дар лаҳзаи пешниҳоди он сарфи назар аз шакл ё воситаҳои истифодашавандаи паҳнкунӣ, маҳз ҳамчун реклама шинохташаванда бошад»[1].

   Бо назардошти хусусияти хоси фаъолият дар самти реклама кормандони китобхонаҳо бояд талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалиро омўзанд, дар амал дуруст ва самаранок татбиқ намоянд. Махсусан, донистан ва риоя намудани масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, ки кормандони китобхонаҳо бештар ба он сарукор доранд бисёр муҳим аст. Масалан, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» қайд гардидааст, ки «Реклама метавонад пуррра ё қисман объекти ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он бошад. Дар ин ҳолат ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳифз карда мешаванд»[2].

   Ба андешаи мояке аз сабабҳои дар фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон мақоми арзанда пайдо накардани реклама ин ба таври бояду шояд аз нигоҳи илмӣ таҳқиқ нагардидани масъалаҳои мазкур ба шумор меравад.

   Муҳаққиқони китобхонашиноси тоҷик бояд нисбати омўзишу баррасии ин мавзўъ таваҷҷўҳи хоса зоҳир намоянд, зарурату имкониятҳои татбиқи рекламаро дар фаъолияти китобхонаҳои гуногуни кишвар нишон диҳанд, ҳусусиятҳои хоси рекламаро дар телевизион, радио, кино, видео, хизматрасонии маълумотӣ, рекламаи беруна, рекламаи иҷтимоӣ, масъулият барои рекламаи номуносиб, рекламаи бевиҷдонона, рекламаи нодуруст, беадабона, бардурӯғ, пинҳонӣ, инчунин масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи истифода­баран­дагони реклама, бахусус кўдакону ноболиғонро бо далоили  муътаманд  собит  намоянд.

Омодакунандаи мавод:  Ҷамил Валиев,

шуъбаи нигаҳдории китоб

 
 
Барчаспҳо: