Сарчашмаҳои фосилавӣ

Махзани маҷозии осори илмӣ

Ин пайвандҳо (ссилкаҳо) барои донишҷӯён, донишандӯзон ва ҳар илмомӯзе имконияти васеъро фароҳам меоранд. Дар ҳар кадоме аз ин пайвандҳо даҳҳо манбаи рисолаву мақолаву луғату фарҳангнома бо забонҳои мухталиф маҳфуз аст. Дастрасӣ ба аксарияти кулли ин манбаҳо озод аст.

AAT: Art and Architecture Thesaurus On Line

Ин луғат дорои 125 ҳазор калимаи меъморӣ, санъат, санъати меъморӣ, фарҳанг (аз замони атиқа то имрӯз) мебошад.

Academic Archive On-line (DiVA)

Дар доираи лоҳиаи Digital Scientific Archive (DiVA) дастрасии озод ба матни комили рисолаҳои илмие, ки дар 21 донишгоҳи кишварҳои Скандинавия ҳимоя шудаанд, иҷозат аст.

AHDS: Arts and Humanities Data Service

Барномаи AHDS дастрасӣ ба бештар аз 5 ҳазор махзани иттилоотиро дар мавзуҳои бостоншиносӣ, таърих, ҳунарҳои намоиширо таъмин мекунад.

American Ballet Theatre Ballet Dictionary

Луғати беназире, ки дорои 170 истилоҳоти рақси балет буда, намунаҳои ҳаракати балетро дар иҷрои ҳунармандони American Ballet Theatre Company-ро дар бар мегирад.

Art History Resources on the Web

Маҷмуаи маводи илмӣ –тасвирӣ дар бораи таърихи санъат (аз замони антиқа то асри 20) бо такя ба манбаҳои интернет санъати илмӣ нишонаҳои интернетии музейҳо ва арт осорхонаҳоро дар бар мегирад.

Artnet

Artnet яке аз калонтарин онлайн порталҳое мебошад, ки хариду фурӯш ва кофтукови асарҳоро ба роҳ монда, 1 ҳазор осорхонаи бештар аз 200 давлати дунёро бо асарҳои санъатӣ таъмин мекунад. Партали мазкур барои аудиториааш тозатарин матлаб дар бораи бозори эҷодиёти санъат ва мағозаҳои маҷозиро пешкаш мекунад.

Arts World Wide Resources

Дастраси ба сарчашмаҳои интернет оид ба мавзуҳои фарҳангӣ ва санъат

ATOlaw: The ATO Legal Database

Махзани иттилоотӣ дар худ маҷмуи матни комил ва ҷузъии мавзуҳои ҳуқуқӣ ва сиёсиро ғунҷонда аст.

Australian Digital Theses Program

Дастрасии озод ба рисолаҳои электронии донишгоҳҳои Австралия ва Зеландияи нав

Bases de Datos de Tesis Doctorales (TESEO)

Дастрасии озод ба манбаи рисолаҳои доктории библиографӣ, ки аз соли 1976 инҷониб дар донишгоҳҳои Испания ҳимоя шудаанд.

Biblioteca Virtual Miguel de Cervantes - Tesis doctorales

Дастрасии озод ба рисолаҳои доктории беш аз 40 донишгоҳи ҷаҳон.

Cambridge History of English and American Literature

Шакли онлайнии донишномаи “Таърихи адабиёти Англия ва Амрико” (нашриёти Донишгоҳи Кембридж, 18 қисм, солҳои 1907-1921). Замони дарбаргирии ҳуҷҷат- аз давраи атиқа то аввали асри 20. Инчунин манбаи итилоотӣ дорои маводҳои пурарзиши библиографӣ мебошад.

Center for Research Libraries (CRL)

Маркази илмии китобхона (ИМА)- ин консорсуми донишгоҳҳои байналмилалӣ мебошад. Дар маҷмуаи Марказ беш аз 5 млн маводи нашршуда аз ИМА, Канада, Амрикои Лотинӣ, Аврупо, Русия, кишварҳои Африқо, Осиёи ҷанубию шарқӣ ва шарқи наздик ҳифз шудааст. Аз ҷумла газетаҳо, маҷаллаҳо, рисолаҳо, монография, бойгонӣ, нашрияҳи ҳукуматӣ ва сарчашмаҳои электронии илмӣ-омӯзишӣ. Дар манбаи иттилоотӣ ба қисми маҷмуаи рақамӣ дастрасӣ озод аст

Cybertesis.NET

Ин саҳфа дастрасиро барои беш аз 27 ҳазор рисолаи илмии намуди электронӣ, ки дар 32 донишгоҳи гуногуни ҷаҳон нашр шудааст, муҳайё месозад. Аввалин рисолаи илмӣ соли 1846 навишташуда мебошад. Дар доираи ин робита инчунин метавон аз дигар серверҳое, ки ба ин саҳфа медарояд, ҷустуҷӯ кард.

DissOnline.de – Digitale Dissertationen im Internet

Лоиҳаи "DissOnline" ба беш аз 37 ҳазор рисолаи илмие, ки дар Олмон аз соли 1997 ҳимоя шудаанд, дастарсӣ медиҳад. Ин лоиҳаи муштараки беш аз 80 донишгоҳҳои Олмон бо маркази ҳамоҳангсозӣ дар Китобхонаи миллии Олмон аст.

DOAJ: Directory of Open Access Journals

Маҷаллаҳои вижаи илмӣ, ки ройгон паҳн мешавад. Мавзуҳои мухталифро нашр мекунад. Маводҳо бо забони англисӣ ва ғайра интишор мешаванд.

EDGAR Database (U.S. Companies)

Нишондиҳандаи махзани интернетӣ, ки дар бораи фаъолияти созмонҳои амрикоӣ маълумот медиҳад.

E-thesis – Electronic publications at University of Helsinki

Бунгоҳи иттилоотӣ дастрасии озодро ба нусхаҳои электронии матни комили рисолаҳои номзадӣ ва доктории дар ҳоли ҳимоя ва ҳимояшудаи Донишгоҳи Хелсинкиро фароҳам меорад.

FITA Global Trade Portal

Бунгоҳи иттилоотии Ташкилоти байналмилалии савдо (FITA) дорои беш аз 8000 суроғаи интернетии ташкилотҳои савдо ва сарчашмаҳои интернетии бозоргонӣ мебошад.

Forbes 500 Annual Directory

Бунгоҳи иттилоотӣ ҷустуҷӯи маълумотҳои зерро пешниҳод мекунад: дараҷаи фурӯш, нархи бозорӣ, дороӣ ва инчунин намуди истеҳсолӣ.

Gale’s Literary Index

Gale’s Literary Index ба маҷаллаҳои адабӣ-санъатие, ки дар Австралия ба нашр мерасад, дастрасӣ медиҳад.

Global Economic Monitor (GEM)

Бунгоҳи итилоотӣ нарху навои ашёи хом ва инчунин нишондоди иқтисоди хурди беш аз 130 кишварро пешгӯӣ мекунад.

GlobalEDGE: international business information and research

Саҳифаи интернет Маркази тиҷоратии байналмилалии штати Мичиган (ИМА) дастрасӣ ба сарчашмаҳои электронии тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва молиявиро фароҳам меорад.

Google scholar SFX

Ин сарчашма маълумот оид ба номнавис шудани Китобхонаи миллии Белорусияро барои сарчашмаҳои хориҷӣ (маҷалла, китоб, бунгоҳи маълумот) пешниҳод мекунад.

History of Art Virtual Library

Рӯйхати васеи пайвандҳо барои сарчашмаҳои интернетӣ оиди таърихи ҳунар.

Hoovers Online (U.S. Company Information)

Бунгоҳи ҷустуҷӯи маълумот дар бораи ширкатҳои бузурги амрикоӣ (беш аз 10 000 номгӯй).

iLoveLanguages : Your Guide to Languages on the Web

Феҳристи сарчашмаҳои интренетӣ оиди забондонӣ, ки дорои беш аз 2000 пайванд ба бунгоҳи маълумоти формати HLP аст. Инчунин омӯзиши забондонии маҷозиро дар бар гирифта, луғати забонҳои хориҷӣ, эҷодиёти муалифони австролиёгӣ, хизматрасониҳои тарҷумонӣ ва барномаҳои мактабҳои забономӯзиро пешниҳод мекунад.

Index to Theses in Great Britain and Ireland

Дастрасии пулакӣ ба беш аз 470 ҳазор реферат ва рисолаҳое, ки дар Донишгоҳҳои Бритониё ва Ирландия аз соли 1716 инҷониб ҳимоя шудаанд.

Ingenta

Ingenta дастрасии оддӣ ва фаврии бештар аз 27 000 номгӯи нашрияро фароҳам меорад. Ҳамчунин имконияти дастрасии маводҳо тариқи факс ва фармоиши мақолаҳои илмиро роҳандозӣ кардааст.

Internet Library of Early Journals

Лоиҳаи муштараки донишгоҳҳои Бирмингем, Лиид, Манчестер ва Оксфорд дар ҳамдастӣ бо барномаи eLib (китобхонаи электронӣ) амал мекунад, ки мақсади он ворид кардани маҷаллаҳои дар тӯли асрҳои XVIII–XIX нашршуда ба интернет аст. Лоиҳаи мазкур соли 1999 ба итмом расида буд.

Intute

Лоиҳаи муштараки донишгоҳҳои бузурги Бритониё. Феҳристи олии сарчашмаҳои интернетӣ дар ҳамаи самтҳои дониш: хоҷагидорӣ, меъморӣ ва сохтмон, тиҷорат ва идора, иртиботот, информатика, биология, илмҳои гуманитарӣ, ҷуғрофия, физика, математика, равоншиносӣ, ҳуқуқ, ҳунар, илмҳои корбурдӣ, забономӯзӣ, илмҳои иҷтимоӣ, тиб ва ғайра.

Jewish Encyclopedia

Шакли комили Донишномаи 12 ҷилдаи Иудӣ, нашри соли 1901-1906. Дорои беш аз 15 000 мақола ва тасвир дар бораи таърих, дин, адабиёт ва урфу одати мардуми Аврупо аст.

KnowThis.com: Marketing Virtual Library

Саҳфаи интернетии Marketing Virtual Library дорои беш аз 1000 пайванд ба манбаҳои интернетӣ оид ба бозоргонӣ мебошад.

LINGUIST List

Манбаҳои интернетӣ оид ба забоншиносӣ ва филология. Мавзӯҳо: фаъолияти касбӣ (нишастҳо, ташкилотҳо, ҷустуҷӯи сармоягузорон), фаъолияти илмӣ-татқиқотӣ (ҳуҷҷатҳо, лоиҳаи илмӣ, библиография), педагогика, манбаҳои забонӣ (оилаҳои забонӣ, луғатҳо, манбаи маълумоти минтақавӣ).

Mother of All Art History Links Pages

Рӯйхати васеи пайвандҳо ба манбаҳои интернетӣ оид ба таърхи ҳунар.

Mundus: Gateway to Missionary Collections in the United Kingdom

Роҳнамо ба маҷмуаи маводҳои фаъолияти мубалиғие, ки дар Бритониё маҳфузанд.

MusicAustralia

Лоиҳаи муштараки Китобхонаи миллии Австралия, Маркази мусиқии Австралия ва Шӯрои Австралия оид ба масоили ҳунарӣ. Ба шаклҳои электронии форматҳои мухталифи эҷодиёти мусиқӣ: нотаҳо, намрот, сабтҳои аудиёӣ, намоиши мултимедионӣ ва дигар сарчашмаҳои мусиқӣ дар режими онлайн дастрасӣ медиҳад.

Music for the Nation: American Sheet Music

Ин махзани иттилоотӣ дорои беш аз 62 500 навъи асарҳои комили мусиқӣ мебошад, ки асри XIX дар ИМА омода шудаанд. Дар дохили худ мусиқиҳои машҳури опера, мусиқиҳои руҳонӣ ва дунявӣ, мусиқии бе калом, адабиёти омузишӣ, мусиқӣ барои иҷрои гурӯҳ ва ғайраро ғунҷоиш додааст.

Music Resources

Ин махзани иттилоотӣ дорои беш аз 62 500 навъи асарҳои комили мусиқӣ мебошад, ки асри XIX дар ИМА омода шудаанд. Дар дохили худ мусиқиҳои машҳури опера, мусиқиҳои руҳонӣ ва дунявӣ, мусиқии бе калом, адабиёти омузишӣ, мусиқӣ барои иҷрои гурӯҳ ва ғайраро ғунҷоиш додааст.

 

Networked Digital Library of Theses and Dissertations

Ин китобхонаи электронӣ ба бештар аз 50 ҳазор рисолаи илмӣ дар чорчӯби лоиҳаи муштараки NDLTD ва VTLS аъзои Ташкилоти байналмилалии NDLTD (ки 186 донишгоҳу консорсум ва 28 ташкилот аз 23 кишварро фаро мегирад) дастрасӣ муҳайё месозад. 50 фоизи ин рисолаҳо барои дастрасӣ озод ҳастанд.

 

Online Dictionary of Playground Slang

Луғати гуфтугӯи ҷавонон. Дар ибтидо лоиҳаи мазкур дорои маҷмуаи гуфтугӯи кӯдаконаи мактаббачагон буд, феълан ин луғат аз 3 000 калима иборат буда, аз ҷумла ибораҳои рехтаро дорост.

Online Literary Criticism Collection

IPL Online Literary Criticism Collection дар мавриди мақолаи библиографӣ ва муаллифони онҳо беш аз 2 500 пайванди махзани интернетӣ дастрасӣ медиҳад. Дар махзани иттилоотӣ маводро бо тартиби номи муаллиф, номгӯи эҷодиёт ва номи кишвару давраи таърихӣ ҷустуҷӯ кардан мумкин аст.

PhdData.org – The Universal Index of Doctoral Dissertations in Progress

Ин нишондиҳанда ба рисолаҳои докторие, ки дар кишварҳои мухталиф дар ҳоли ҳимоя ҳастанд, дастрасӣ медиҳад.

PictureAustralia

Ин манбаи иттилоотӣ ҳуҷҷатҳои тасвирие, ки фарҳанги мардуми Австралияро иинъикос мекунад, дар худ дошта, тартиби ҷустуҷӯ имкон медиҳад маҷмуаи ҳуҷҷатҳои тасвириро бе нишони саҳфаи интернетиашон дастрас намуд.

 

Poetry Archives

Ин лоиҳа дорои маҷмӯаи васеи эҷодиёти шоирон буда, имкони ҷустуҷӯ аз рӯи калима, номи муаллиф ва эҷодиёт мавҷуд аст.

 

Portail Francophone des Theses Electroniques "Cybertheses"

Ин саҳфа ба шаклҳои электронии беш аз 7,5 ҳазор рисолаи фаронсавӣ ва инчунин ҳуҷҷатгузории маводҳои омӯзишӣ дастрасӣ дода, ҳамзамон матни электронии рисолаҳоро пешниҳод мекунад. 

Project Gutenberg of Australia

Project Gutenberg ба китобҳое, ки муҳлати ҳифзи ҳуқуқи муаллифиаш ба охир расидааст ва ё муаллиф худ иҷозаи пешниҳод кардани китобашро додааст, дастрасӣ медиҳад. Дар ин саҳифа ҳамагӣ беш аз 2 000 номгӯи китоб вуҷуд дорад.

Read Print

Китобхонаи ройгони маҷозӣ. Интихоби васеи эҷодиёти нашрӣ барои донишҷӯён, омӯзгорон ва ҳамаи нафароне, ки ба адабиёти классикӣ шавқ дорад.

Stanford Encyclopedia of Philosophy

Ин сомона матни комили реферат ва ҳуҷҷатҳои фалсафиро дорост.

SUDOC – Systeme universitaire de documentation

Лоиҳаи агентии библиографии маълумоти олии Фаронса оид ба дастрасии озод дастрасӣ ба махзани иттилоотии библиографияи донишгоҳҳо ва китобхонаҳои илмии Фаронсаро (наздики 3 ҳазор муассиса) фароҳам месозад. Дар дохили ин пайванд наздики 6 млн ҳуҷҷат (монография, рисола, матбуоти ҷорӣ, мақолаҳо, дастхатҳо, ҳуҷҷатҳои аудиоӣ, ҳуҷҷатҳои махсус, сарчашмаҳои электронӣ) мавҷуд аст.

Tesis Doctorales en Red (TDR)

Дастрасӣ ба матни комили беш аз 4 000 рисолаҳои докторӣ, ки дар донишгоҳҳои Испания аз соли 2000-ум инҷониб ҳимоя шудаанд.

Theatre and Drama: WWW Virtual Library

Роҳнамои сарчашмаҳои интернетӣ бахшида ба театру ҳунари саҳнавӣ. Пайванди маҷмуаи васеъ ба мақолаву газетаҳои дар формати электронӣ буда, суроғаҳои интернетии музей ва ташкилотҳои театрӣ. Пайванд ба шарҳи мухтасар ба маҷмуаи ҳуҷҷатҳои ихтироӣ дар мавзӯҳои театр.

Theses Canada

Дастрасии озод ба беш аз 220 ҳазор рисолаҳои тавсифи библиографӣ ва рисолаҳои ҳимояшуда аз соли 1950 инҷониб аз 58 донишгоҳи Канада. Беш аз 32 ҳазор матни комили рисолаи солҳои 1998-2002 ҳимояшуда.

ULAN: Union List of Artist Names On Line

Фарҳанги сохтории ULAN дорои 250 000 мақола ва маводҳои дигар буда, оиди фаъолияти ҳунарӣ маълумот медиҳад. Аз давраи аттиқа то замони моро дар бар мегирад. Дарбаргирии ҷуғрофӣ – ҳамаи кишварҳои ҷаҳон. Инучнин, маълумоти ташкилотҳои алоҳидаро, ки барои эҷодиёти ҳунари меъморӣ саҳм гузоштаанд, дар худ дорад.

University of California Press E-Books Collection

Китобхонаи электронии University of California Press E-Books Collection дорои 2 000 адабиёти ҳунарӣ, илмӣ, таърихӣ, мусиқӣ, динӣ ва адабиёти бадеӣ мебошад.

Virtual Library Labour History

Роҳнамоӣ сарчашмаҳои интернетӣ оид ба таърихи касбу тиҷорат.

Vl-music.com

Дорои пайвандҳое мебошад, ки ба веб-саҳфаҳои мусиқӣ мерасонанд.

Wageningen Dissertation Abstracts

Дастрасии озод ба манбаи маълумоти миллии рисолаҳои электронии донишгоҳи Вагенскии Нидерландия. Автореферат ва рисолаҳо аз соли 1981 инҷонибро пешниҳод мекунад.

Wiley InterScience

Ин махзани иттилоотӣ ба маълумотнома ва донишномаҳо дастрасӣ медиҳад.

William Blake Archive

Махзани бузурги медиявӣ, ки маҷмуи матн ва аксҳои У. Блейкро дар худ ҷой додааст.

World Bank Online

WDI Online дорои маълумотҳои иқтисоди ҷаҳонии 220 кишвар аз соли 1960 то 2003 мебошад.

World Digital Library (WDL)

 

World Digital Library (китобхонаи рақамии ҷаҳонӣ) дастрасии ройгони интернетӣ ба формати забонҳои гуногунро фароҳам меорад.

Авторефераты диссертаций Высшей аттестационной комиссии Республики Беларусь

Theses in High Attestation Commission (Belarus). Дастрасии озод ба тавсири библиографӣ ва комили реферат, рисолаҳои докторие, ки дар Ҷумҳурии Белорус ҳимоя шудаанд

 

Авторефераты диссертаций Государственной публичной научно-технической библиотеки

Theses in Russian State Public Library for Science and Technology. Дастрасии озода ба автореферат ва рисолаҳои илмие, ки ба фонди Китобхонаи илмӣ-техникии оммавии Русия аз соли 1991 инҷониб шомил мешаванд.

Авторефераты диссертаций Государственной публичной научно-технической библиотеки СО РАН

Theses in State Public Library for Science and Technology (Russia, Siberian reg.). Дастрасии озодро ба махзани иттиоотии “Феҳристи автореферату рисолаҳо”-и ҷузъи феҳристи электронии ГПНТБ СОРАН фароҳам меорад.

Авторефераты диссертаций Российской национальной библиотеки

Theses in National Library (Russia).
Дастрасии озод ба манбаи маълумоти автореферат ва рисолаҳои илмие, ки ба фонди Китобхонаи миллии Россия аз соли 1993 то 1997 ворид шудаанд.

Авторефераты диссертаций Центральной научной сельскохозяйственной библиотеки Россельхозакадемии

Theses in Central Agricultural Library (Russia).
Theses in Central Agricultural Library (Russia).
Дастрасии озод ба махзани маълумоти бибилографии автореферат ва рисолаҳои ба фонди китобхонаи марказии хоҷагидории илмӣ шомилшуда.

Бизнес–Беларусь

Бойгонии фактографикӣ, дорои маълумот дар бораи ташкилотҳои Белорусия ва инчунин маълумотҳо аз феҳристи тиҷоратӣ, консерни ташкилотҳои хурд.

Диссертации и авторефераты диссертаций Национальной библиотеки Украины им. И. И. Вернадского

Dissertations and Theses in National Library (Ukraine).
Дастрасии иттилоотӣ ба махзани иттилоотии библиографии “феҳристи рисола ва автореферат” аз соли 1994 (беш аз 90 ҳазор сабт). Дастрасӣ ба ҳамаи рисолаҳое, ки дар Украина ҳимоя шудаанд (манбаи иттилоотӣ “Фонди электронӣ”, беш аз 35 ҳазор ҳуҷҷат) бо суроғаи http://www.nbuv.gov.ua/eb/ep.html амалӣ мешавад http://www.nbuv.gov.ua/eb/ep.html.

Инновации

Пайвандӣ ба сомона ва мақолаҳое, ки таҷрибаи татбиқи коркарди Иноватсионӣ дар мавзуи АПК, биотехнология, ИКТ, сиёсати сармягузорӣ, сёсати иноватсионӣ, маркаҳои иноватсия-технологӣ, моликияти зеҳнӣ, ҳамкориҳои байналимилалии илмӣ-техникӣ, маводҳои нав ва сарчашмаҳои тозаи энергия, дастгирии соҳибкориро доранд.

Механика и машиностроение в Республике Беларусь

Ин манбаи маълумоти дорои тавсифи библиографӣ ва реферату рисола, китобу брошура, автореферат, маҷмуаи меҳнати илмӣ, маводҳои конфронсҳо,стандарт, патент, мақолаҳо аз маҷаллаҳои ватаниву хориҷӣ мебошад.

 

Русскоязычные электронные научные журналы на платформе eLIBRARY

Дар маҷмуаи пешниҳодшудаи маҷаллаи нашриёти “НАУКА”, Китобхонаи давлатии илмӣ-технологии оммавӣ, маҷаллаи институти илмӣ - иттилоотӣ оиди илми оммавӣ (ИНИОН) РАН ва дигар маҷаллаҳои нашриёти Русия шомиланд. Барои корбурди манбаи маълумот ба ҳар як истифодабаранда лозим меояд ба http://elibrary.ru номнавис шавад ва баъд аз он ба 200 маҷаллаи маҷозии русзабон дастрасӣ пайдо кунад, ба боқимонда 149 номгӯ танҳо аз худи бинои китобхонаи миллии Белорусия имкони дастарсӣ фароҳам аст.

Социальные и гуманитарные науки​

Комплекси манбаи иттилооотии библиографӣ оиди мавзӯҳои гуманитарии Институти иттилоотии илмӣ дар бораи илми оммавӣ (ИНИОН), РАН, ки дар худ мавзуҳои зеринро дорост: давлат ва ҳуқуқ; таърих, археология ва этнология, адабиётшиносӣ, илмшиносӣ, диншиносӣ, фалсафа ва ҷомеашиносӣ, иқтисод ва демография, забономӯзӣ.

Старые газеты

Ин саҳифа матбуоти советиро ба рақамӣ баргардонида аст. Ҳуҷҷатҳо бо фармати HTML ва DjVu пешниҳод шудаанд.

Федеральный образовательный портал – экономика, социология, менеджмент: Диссертации (Россия)

Portal for Education (Russia).
Поратали федеролии омӯзишӣ дорои 364 автореферат ва матни комили рисолаҳои дар риштаи иқтисодиёт, сотсиология ва менеджмент дар Русия ва хориҷ ҳимояшуда, мебошад