Номҳо чӣ таърих ва чӣ маъно доранд?
Нашр шуд 2015-12-05 13:24
Аз чопи “Маънои ҳазору як ном”- ин асари хеле муҳим ва муфид ҳудудан сӣ сол сипарӣ мешавад. Он соли 1987 дар нашриёти “Маориф” интишор ёфтааст ва то кунун яке аз китобҳои муътабар дар шарҳи номҳост.
Муаллиф О. Ғафуров бештар аз ҳазор номеро, ки иддае реша ба таърихи қадим доранд, иддае дигар бо вуруди Ислом ворид шудааст ва гуруҳи сеюм номҳои асили форсианд, шарҳу тафсир кардааст.
Дар баъзе маворид ин таҳлилҳо хеле фарогиранд, бахусус агар ном таърихӣ бошад. Чунончӣ, дар мавриди номи Аҳрор муаллиф мегӯяд, ки он аз оғоз лақаби фахрии суфиёна буд, ки бисёриҳо онро медонанд. Ва дар бораи Хоҷа Аҳрори Валӣ каме муфассалтар шарҳ медиҳад, ки кисту аз куҷост ва чаро чунин маҳбубу маъруф шудааст.
Ва ё дар мавриди номҳои Паҳлавон, Равшанак, Райҳон, Рашид, Розия, Фағфур, Халифа, Хон, Хоҷа, Хусрав, Сония ва ғайра низ дар канори маънову мафҳуми ном, иртиботи онҳо ба таърих ва шахсиятҳои таърихиву рӯйдодҳои таърихӣ ҳикоят мекунад.
Албатта, аз замони чопи аввали он ҳудудан 30 сол сипарӣ шуд ва дар ин муддат кундуковҳои дигар ҳам барои шарҳи номҳои таърихӣ сурат гирифтанд. Вале китоби “Маънои ҳазору як ном” ҳамоно арзиши баланди илмӣ дорад. Бахусус, ин шабу рӯз, ки Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад дар номгузории фарзандон ба номҳои суннатии миллӣ бештар таваҷҷуҳ сурат гирад, мутолиаи ин китоб барои падарону модарони оянда хеле муфид аст. Чун дар бораи ҳазор ном маълумоти комил пайдо мекунанд ва дар интихоби номи хуб барои фарзандони хеш муваффақ хоҳанд буд.
Дарёфти Китоб: Маънои ҳазору як ном