Сафари Ҳуринисо Ализода ба Шаҳри Ёдҳо
Китоби нави рӯзноманигори шинохта ва донишманди варзида Ҳуринисо Ализода чунин ном дорад: Сафар ба шаҳри ёдҳо.
Ва дар сароғози китоб омада: “Дар навиштаҳое, ки манзур мешаванд, ҷое дилҷӯ образе ҷилва мекунад, ҷое ҷумлае чун сатре шеър истиқбол мешавад ва дар маҷмуъ муҳим он аст, ки касро фаро мегираду ба андеша вомедорад. Перомуни масъалаҳое ба андеша вомедорад, ки муаллиф самимона ба андеша гирифтаву мехоҳад мавриди андешаи дигарон низ бошад”.
Ҳуринисо Ализода ба хонанда шахси ноошно нест. Чакидаҳои хомаашро солҳост, ки мехонанд ва интизорӣ мекашанд. Ҳуринисо Ализода нигорандаи дарднавис аст ва ҳар нигоштаи ӯ як дард дорад, дарди ҷомеа, дарди инсон ва бештар аз ҳама дарди зан, дарди модар, дарди хоҳар. Чун худ зан, модар, хоҳар аст ва ин дардро назар ба дигарон бештар эҳсос мекунад.
Ва ӯ бидуни шак дарди ҷомеаро хуб ташхис мекунад. Ӯ табиби дардошноеро мемонад, ки ба муҷарради ташхис роҳҳро табобатро низ баён медорад.
Дар ҳар навиштаи ӯ як андешаи ҷолиби фалсафӣ ҷилва мекунад ва ин андеша баргирифта аз ҳамин дарди замон аст.
Низом Қосим, Шоири Халқии Тоҷикистон ва ҳамсабақи Ҳуринисо Ализода, ки даҳсолаҳост бо ӯ ошност, дар сарсухани китоб менависад: “Навиштаҳоеро, ки манзур мешаванд, Ҳуринисо чун ҳосили эҳсосу андеша солҳои сол дар боғи пурбаҳору пурхазони дил парвардааст ва инак, дона-дона чидаву пуфу чашм карда, пеши хонанда мегузорад”.
Китоб саршор аз таронаҳост. Тарона худ жанри дилнишин аст ва захмҳои қалбро метавон танҳо дар қолаби як таронаи басо кутоҳ берун овард.
Ҳуринисо таронаро гоҳ моли адабиёт медонад ва гоҳи дигар мегӯяд маълумам шуд, ки он моли дард аст. Дар хушбахтиҳояш онро моли ҳамин хушбахтӣ медонад ва дар қаҳр аз номардиҳо моли ғазаб. Гоҳе, ки аз ноҳақӣ дар худ мепечад, мегӯяд: “гӯши ҳақшунав наёфта, он эҳсосамро чун таронае барои худ менависам. Аз худ мепурсам, ки таронаро ба сиёсат чӣ кор. Чун навиштаамро мехонам, ки ҳадафаш ислоҳи он ҷурми иҷтимоист, меандешам, ки пас моли сиёсат ҳам ҳаст тарона”?
Ва муаллиф дар ин китоб таронаро зиндагӣ, ҳолат, эъҷоз, порае аз рӯзгор ҳам медонад.
Ҳуринисо Ализода дар айни замон унвонҷӯи Пажуҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳовиддинови АИ буда, таълифи рисолаи номзадиашро ба охир расонидааст. Муфассал бо зиндагинома ва фаълияти кориву эҷодии ӯ аз ин ҷо метавонед ошно шавед. http://www.kmt.tj/khuriniso-alizodaro-bishnosem
Намунае аз таронаҳои китоби “Сафар ба шаҳри ёдҳо”:
Анҷоми рисолат
Мегуфтӣ, ки ман эҳёгари туам. Туро бошад ман устоди худ дар бозгашт ба як зиндагии зебо мехондам. Вале барои хеле муддати кам. Дигар моро чизе бо ҳам намепайвандад.
Рисолати ҳардуи мо магар анҷом ёфтааст?
Хастагӣ
Гуфтам: “Ақалан ба фитна боре бигӯ, ки дӯстат медорам”. Лаб фурӯ бастаӣ. Шояд худ ҳам аз дурӯғҳои бипоёнат хаста шудаӣ?
Эҳсоси хос
Аз рози танҳоиям чизеат нахоҳамат гуфт. Чун ин эҳсос хоси ман аст. Аз сӯхтани ҷигари бирёнам низ чизе намегӯям, то ту ба бӯйи он хӯ накунӣ.
Доғи барги умр
Хостам аз ишқат ба коғаз ҳикоят созам. Давоти хуни диламро холӣ ёфтам. Дидам, ки қатраи охирини он рӯйи барги зарди умрам чакидаву доғе дар он гашта.
Муъҷизаи ишқ
Таронаи ишқатро сурудам. Офтоб ханда зад, садбаргҳо шукуфтанд, дарахтон сабз гаштанд, амвоҷи баҳр ошиқона соҳилро навозиш кард.
Дилро фараҳи беқарор ба само бурд. Муъҷизае оламро дигар кард.
Ба зодгоҳи ишқамон ки он ҷо будӣ, пайи дидорат рафтам. Ёдат раҳораҳ сӯзонтару ишқат пуртуғёнтар мегашт. Сабрам сар мерафту бошитоб сӯят омадам, вале ту...бо дигаре будӣ.
Шояд
Гуфтӣ: “Эҳсосе ба ту надорам”. Оре, сӯзи эҳсоси олуда ба худхоҳии ту, ҳаёти ишқи маро сӯзонд. Эҳсоси ту ба ман замоне барои раҳоии ту аз худхоҳият буд, ки дигар бесуд буданашро худат ҳам ҳисс кардӣ.
Аҷабо, дар ин бозии қисмат бо ин ҳама ноҷавонмардиҳоят чаро сӯзи дили ман кам намешавад?
Шояд дигар ин эҳсоси ишқ нест, сӯзест дар сӯги помолгаштаи хеш? Шояд!
Китоби “Сафар ба шаҳри ёдҳо” ҳоло ба Китобхонаи миллӣ ворид шудааст ва хоҳишмандон метавонанд онро аз ин ҷо пайдо ва мутлиа кунанд.