Самтҳои фаъолияти конун

КОНУНИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ОМЎЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

Конун аз бахшҳои муҳими Китобхонаи миллӣ буда, аз соли 2012 амал менамояд. Самтҳои фаъолияти Конун иборатанд аз:
- тарғиби сиёсати давлат ва ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди забони модарӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ;
- ташкил ва ба роҳ мондани курсҳои омўзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ;
- таҳия ва ба чоп расонидани китобҳои муҳим ва сарчашмаҳои илмию адабӣ;
- ташкили рўнамоии муҳимтарин китобҳои ба тозагӣ аз чоп баромада;
- ташкилу баргузор намудани нишастҳо ва ҳамоишҳои илмию адабӣ ва таҷлили санадҳои муҳими таърихию фарҳангӣ;
- ҳамасола ба муносибати Рўзи забон, Солонаи Айнӣ, Рўзи Рўдакӣ, Рўзи ҷаҳонии Мавлоно ва ғайра доир намудани нишастҳои илмию адабӣ ва фарҳангӣ;
- ба роҳ мондан ва пайгирии ҳамкориҳои илмию фарҳангии Китобхонаи миллӣ бо муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишвар.