Activities calendar

14 мая 2015

Дидор баъди 70 сол

Дидани ин манзара ҳузнангез буд. Дар толор 4 тане дар ҳалқаи як суҳбат кашида шуданд, ки мудҳиштарин солҳову рӯзҳоро пушти сар гузоштаанд. Солҳое, ки мутаассифона, бархе мехоҳанд акнун нодида гиранд. 
Ин чаҳор тан аз ҷумлаи ҳамон ҳудудан ним миллон тоҷикистоние буданд, ки дар ҷабҳаву дар ақибгоҳ ҷонбозиҳо карданд, то ватане бо номи СССР, ки қаламрави имрӯзаи мо низ бахше аз он буд, аз хатари фашизм наҷот дода шавад.

Даҳгонаи қадимтарин китоб: “Девон"-и Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ

Ин китоб аз ҷумлаи қадимитарин китобҳои Китобхонаи миллӣ аст, ки таҳти  рақами инвентарии 706 нигаҳдорӣ мешавад. 
Чуноне аз номаш пайдост, муаллифи он Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, шоири тавонои форс-тоҷик, ки соли 817/1414 таваллуд шуда, соли 898/1492 дида аз олам барбастааст. 

Аз дирӯзи Китобхонаи миллӣ

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 110 номгўи нашрияҳои худро ба ҳаводорон пешниҳод намудаанд. Ин маводҳо бахшида ба Китобхона таҳти унвонҳои:
 «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» (Ақоиди асосӣ, муаллиф Р.Шарофзода, 1992);
«Китобхонаи миллии Тоҷикистон» (Ҷашннома, 1993);

Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир

Тавре аз номаш пайдост, шуъба дастхатҳои қадимиро бо алифбои форсӣ ва лотинӣ дар бар мегирад. Китобҳои чопи сангӣ, дастхатҳои нодири аз замонҳои гуногун боқимонда, ҳамчунин рӯзномаву маҷаллаҳое, ки дар солҳои аввали Инқилоби Октябр бо алифбои лотинӣ дар Самарқанду Бухорову Тошканд ва Душанбе интишор шудаанд.
Ин шуъба мероси хаттии ниёгон аст, дар он метавон бо намунаҳои гуногуни хат ошно шуд, китобҳои дар қарнҳои гуногун ва дар кишварҳои мухталиф чопшударо пайдо кард.

Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён

Аз калонтарин шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ аст, ки барои 126 хонанда ҷойи нишаст дорад. 
Ин шуъба хонандагонро ба узвияти Китобхонаи миллӣ мепазирад ва ҳамаи дархостҳои онҳоро қабул ва раҳнамоӣ мекунад.  
Аз тариқи ин шуъба хонандагон ба истифодаи адабиёт аз фонди умумӣ дастрасӣ пайдо мекунанд. Тавассути феҳристи анъанавӣ ва электронӣ дар бораи захираҳои фонди шуъба маълумот пайдо менамоянд. 

Толори маводҳои мусаббат (аудио видеоӣ)

Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз шуъбаҳои махсусгардонидашуда аст, ки ба муҳаққиқону дӯстдорони фарҳангу ҳунар хизматрасонӣ мекунад. Шуъба аз соли 1977 фаъолияташро оғоз намудааст, аммо баъд аз ифтитоҳи бинои нави китобхона, фаъолияти он мутобиқ ба талаботи муосир ба роҳ монда шуд.

Толори кормандони илм

Хонанда дар ин шуъба ба рисолаҳои илмӣ ва авторефератҳо дастрасӣ пайдо мекунад; иттилоъро аз фонди шуъба тавассути феҳристи анъанавӣ ва электронӣ пайдо мекунад; аз маслиҳати библиограф ҳангоми ҳангоми интихоби  сарчашмаҳои иттилоотӣ бархӯрдор мешавад; оид ба ҳуҷҷати мавриди назар маълумоти зарурӣ ҳосил мекунад; ба фонди китобхонаҳои шахсии академикон дастрасӣ пайд мекунад ва аз он истифода менамояд; шабакаи ҷаҳонии Интернет барояш дастрас аст ва аз тариқи он аз манъабҳои

Толори адабиёти техникӣ

Ин толор аз 48 ҷойи нишаст иборат буда, хонанда метавонад аз он адабиёти барояш заруриро дархост кунад. 
Дар сурати пайдо накардани адабиёти мавриди назар онро метаовнад аз шуъбаи нигаҳдории китоб дархост намояд.   
Реҷаи кории толори мзкур рӯзҳои сешанбе-якшанбе аз соати 8:00 то 22:00

 

Толори феҳрасти электронӣ

Ин толор аз 54 ҷойи нишаст иборат аст. 
Китоби заруриро аз феҳрасти электронӣ аз рӯйи номи китоб ё муаллиф метавон пайдо кард. 
Дар сурати пайдо нашудани он метавон ба феҳрасти анъанавӣ муроҷиат намуд.  
Умедворем бо истифода аз ду шева шумо соҳиби адабиёти мавриди назаратон мешавед.
Ин толори хониш чун дигар бахшҳои китобхона аз соати 08 то 22 дар хизмати хонандагон аст. 

Саҳифа-сафҳа-“саҳфа”

Ин ду калимаи ҳаммаъно ба сурати “саҳифа” ва “сафҳа” (صحیفه و صفحه) дуруст мебошанд вале “саҳфа”, ки дар навиштори имрӯзӣ зиёд ба назар мерасад ғалат аст ва дар матнҳои пешин ҳеч намунае барои он надорем. Дар фарҳангҳо, аз ҷумла “Фарҳанги Амид” ва “Фарҳанги Муин” “саҳифа” чунин маънидод шудааст: “Саҳифа (исм) нома, китоб, Мусҳаф (Қуръон); 2) варақ (коғази китоб); ҷамъ: саҳоиф, суҳуф; 3) рӯйи замин, ё саҳифаи теғи саҳар яъне рӯшноии субҳи козиб;

Кориз ё корез?

Дар Душанбе муассисае ҳаст, ки барои ҳар сокини шаҳр ошност: Корхонаи воҳиди давлатии обу корез. Шояд ин ном дар дигар шаҳрҳоямон низ бошад, чи бад зуд сироят мекунад ва ғалат сареъан интишор меёбад. Мо ба ин ном ду эрод дорем: дар мавриди эроди аввал, ки марбут ба «корхонаи воҳид» аст, қаблан ибрози назар кардем, ва аммо эроди дувум марбут ба «корез» аст, ки худ ду иштибоҳ дорад: аввал ин вожа на бо «ё»-и маҷҳул (е), балки бо «ё»-и маъруф навишта