Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён

Аз калонтарин шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ аст, ки барои 126 хонанда ҷойи нишаст дорад. 
Ин шуъба хонандагонро ба узвияти Китобхонаи миллӣ мепазирад ва ҳамаи дархостҳои онҳоро қабул ва раҳнамоӣ мекунад.  
Аз тариқи ин шуъба хонандагон ба истифодаи адабиёт аз фонди умумӣ дастрасӣ пайдо мекунанд. Тавассути феҳристи анъанавӣ ва электронӣ дар бораи захираҳои фонди шуъба маълумот пайдо менамоянд. 
Кормандони шуъба ба хонандагон дар мавриди пайдо кардани адабиёти мавриди назарашон маълумоти шифоҳӣ медиҳанд ва онҳоро раҳнамоӣ мекунанд.                                              
Иртибот бо телефони 919-05-19-39
Реҷаи корӣ:  рӯзҳои  якшанбе – душанбе:  аз  соати 8:00 то 19:00
                    сешанбе – шанбе :  аз соати 8:00  то 22:00