Рӯ ба рӯ бо хонанда, адибон дар меҳмонии Китобхона

Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон нишасти хотирмонеро таҳти унвони “Китоб ва рушди зеҳнии ҷомеа” баргузор кард, ки дар он шоираи маъруфи кишвар Латофат Кунҷаева, адиби номвар Юсуфҷон Аҳмадзода ширкат ва суханронӣ карданд.
Салима Раҷабова, муовини Директори Китобхона дар як сухани муқаддамотӣ дидору мулоқоти адибон бо хонандагонро бахше аз фаъолияти китобхонаи миллӣ арзёбӣ кард ва гуфт, ин дидорҳо хонандаро ҳам ба китоб ва ҳам ба адиб наздик мекунанд.
Аз назари Салима Раҷабова хонандае, ки шеъри шоирро аз китоб мехонад, баъди мулоқот бо ӯ бештар шефта ва дилгарм мешавад.
 Латофат Кенҷаева иброз дошт, ки дидор бо хонанда ҳамеша шоиру нависандаро илҳом мебахшад. Дар рӯ ба рӯ бо хонандаи худ нишастану ҳарфи ӯро шунидан ва ҳарфи худро гуфтан лаззати дигар дорад.
Латофат Кенҷаева барои ҳозирин чанд шеъри тозаи худро қироат кард, ки бо кафкӯбӣ аз он истиқбол шуд.
 Юсуфҷон Аҳмадзода иштирокчиёни ин мулоқотро бо ҷанши фараҳафзои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шодбош гуфт. Адиби шинохта Истиқлолро бузургтарин неъмате хонд ва гуфт бояд ҳар фарди миллат ба қадри ин неъмати бузург бирасад.
Юсуфҷон Аҳмадзода низ аз ашъори наваш чанд шеъре барои Ватан, Тоҷикистон, муҳаббат қироат намуд.  
Магистри Донишгоҳи Давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Эраҷ Раҳматов дар хусуси китобу китобхона суханронӣ кард ва ёдовар шуд, ки ҳар як фарде, ки узвияти  ин боргоҳи маърифатро дорад, бояд ба қадри ин макони маърифат бирасад ва аз ганҷинаи пурбаҳои ин маҳзани пур аз китоб самаранок истифода барад.
Қарор аст дидору мулоқот бо адибон дар оянда низ идома биёбад.