Activities calendar

18 сентября 2015

Китоб аз дирӯз ва имрӯзи Китобхонаи миллӣ

Боз китобе ҷузъиёти зиёдеро аз таърихи Китобхонаи миллӣ рушан мекунад. Яке аз куҳнатарин интишороти кишвар - “Ирфон”ахиран дастури илмиеро чоп кард, ки мутолиа ва истифодаи он барои на танҳо донишҷӯёну устодон, балки ба ҳамаи касоне, ки рушди фарҳангу тамаддуни миллат барояшон бегона нест, муфид аст.
Шариф Комилзода, муҳаққиқи шинохтаи китобдориву китобшиносӣ дар кишвар бо интишори китоби наве бо номи “Китобхонаи миллии Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз” руҷуъи тоза ба таърихи китобшиносии муосир кардааст. Муаллиф талош намудааст бо ироаи маълумоти муъҷазу мушаххас таърих, давраҳои ташаккул ва фаъолияти илмиву методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, библиографӣ ва байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро мурур кунад ва ҳамзамон бо ин масоили ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдории нусхаҳои муътабари фонди

Китобҳои хурд: аз дирӯз то имрӯз

Дар таърихи чопи китоб, ки ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад, китобҳои бузургу кӯчак зиёд интишор шудаанд. Сарчашмаҳои торихӣ калонтарин китоби оламро “Кодекси Гигас” номидаанд, ки як маҷмуъи қонунҳои дастинавишта дар аввали асри  XIII мебошад. Баландии ин китоб 92 сантиметр, дарозиаш 50, ғафсии он 22 сантимерт ва вазнаш 75 килост.
Аммо хурдтарин китоб оламро “Хамелион”-и ...