Китоб аз дирӯз ва имрӯзи Китобхонаи миллӣ

Боз китобе ҷузъиёти зиёдеро аз таърихи Китобхонаи миллӣ рушан мекунад. Яке аз куҳнатарин интишороти кишвар - “Ирфон”ахиран дастури илмиеро чоп кард, ки мутолиа ва истифодаи он барои на танҳо донишҷӯёну устодон, балки ба ҳамаи касоне, ки рушди фарҳангу тамаддуни миллат барояшон бегона нест, муфид аст.
Шариф Комилзода, муҳаққиқи шинохтаи китобдориву китобшиносӣ дар кишвар бо интишори китоби наве бо номи “Китобхонаи миллии Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз” руҷуъи тоза ба таърихи китобшиносии муосир кардааст. Муаллиф талош намудааст бо ироаи маълумоти муъҷазу мушаххас таърих, давраҳои ташаккул ва фаъолияти илмиву методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, библиографӣ ва байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро мурур кунад ва ҳамзамон бо ин масоили ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдории нусхаҳои муътабари фонди тиллоии китобхона ва ҳаёти имрўзаи онро мавриди баррасӣ қарор диҳад.  
Ҳамчуноне ишора рафт, дастур барои донишҷўёну омўзгорони мактабҳои олӣ ва муҳаққиқону мутахассисони соҳаи китобдорӣ навишта шудааст ва бидуни шак мутолиаи он барои касоне, ки талоши омӯзиши китобу китобдорӣ доранд, ҳоизи аҳамият хоҳад буд.  
Муаллиф дар муқаддима менависад, ки “Китобхонаи миллӣ аз ибтидои фаъолияташ ба ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва дастраснамоии китоб, нашрияҳои даврӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои гаронқиммати моҳияти илмӣ, таърихӣ ва бадеидоштаи адибону муҳаққиқони дохилу хориҷи кишвар кўшиш ба харҷ медиҳад. Ва барҳақ, алҳол ин боргоҳи илму маърифати мамлакат ҳам аз лиҳози ҳифзи маҷмўи беназири маҳсули тафаккури наслҳои зиёди ниёкону ҳамасрони миллат, офаридаҳои гуногунсоҳаю мухталифҷабҳаи дигар қавму ақвом ва халқияту миллатҳои муқими Сайёра ва ҳам аз нигоҳи ба хидмати ниёзмандон қарор додани ин ганҷинаи бебаҳо, воқеан ҳам, ба хазинаи беназири боигарии маънавии миллат табдил ёфтааст. Аз ин захираи камназир алҳол шумораи зиёди олимону адибон, зиёиёну намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа истифода бурда, талаботи маънавию иттилоотии хешро қонеъ мегардонанд”.
Комилзода аз пажуҳише бо номи “Китобхонаи миллӣ аз нигоҳи донишҷӯ” ёд мекунад, ки соли қабл (2014) роҳандозӣ шудааст ва дар як пурсиш аз хонандагон муносибати онҳо ба манбаъҳои пажуҳишӣ муайян гардидааст. Дар ин таҳқиқоти сотсиологӣ 158 нафар донишҷӯён иштирок кардаанд ва дар бораи низоми қонеъгардонии талабот ба китобҳои дархостшуда, сарфаи вақт, сатҳу сифати хизматрасонӣ ибрози назар намудаанд. Ба саволи «Барои дарёфти адабиёти зарурӣ аз кадом сарчашмаҳои маълумотдиҳӣ-библиографӣ бештар истифода мекунед?» донишҷўён чунин посух доданд: аз феҳрист ва картотекаҳои анъанавӣ – 34,2%; аз феҳристи электронӣ – 30,4%; аз фонди нашрҳои маълумотдиҳанда ва библиографӣ (донишномаҳо, луғатҳо, маълумотномаҳо, тақвимҳо, дастурҳои библиографӣ) – 29,7%; аз дигар сарчашмаҳо – 3,8%. Ва муаллиф хулоса мекунад, ки “то кунун на ҳамаи донишҷўён аз феҳристи электронӣ мустақилона истифода карда метавонанд. Масалан, аз ҳисоби умумии посухдиҳандагон 45,5%-и донишҷўён аз феҳристи электронӣ мустақилона истифода карда наметавонад ва 41,8%-и онҳо ба ёрии библиограф – навбатдор ниёз доранд. Яъне, бо ибораи дигар гўем имрӯз сатҳи маърифату фарҳанги китобшиносии хонандагон дар сатҳи паст қарор дорад”.

МУРУРЕ БА БОБҲОИ ҶУДОГОНАИ КИТОБ

Китоб аз 8 бобу 1 замима иборат буда, кулли фаъолиятҳои Китобхонаи миллиро аз оғоз то ба имрӯз дар бар гирифтааст. Дар боби “Сарчашмаҳо оид ба таърихи Китобхонаи миллии Тоҷикистон” муаллиф мегӯяд, аввалин хабару мақолаҳо дар бораи фаъолияти Китобхона рӯзномаи русии “Коммунист Таджикистана” чоп шудааст. Нахустин  очерке, ки оид ба таъриху давраҳои рушди Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ, фонду феҳристҳои он, ташкили кор бо хонандагон дар толорҳои хониш, абонементи байни китобхонаҳо маълумоти мухтасар медиҳад, аз ҷониби Рина Осиповна Талман, яке аз китобдорони шоистаи Тоҷикистон, ки таи солҳои 1944-1946 роҳбарии китобхонаро ба уҳда дошта, солҳои минбаъда ба ҳайси муовини директор, мудири бахшу шуъбаҳои китобхона кору фаъолият кардааст, таълиф шудааст.
 Китобхона барои китобхонаҳои мамлакат аввалин дастури худро таҳти унвони «Маҷмўаи материалҳои дастуруламалӣ ва методӣ дар бораи кори китобхона» ба забони тоҷикӣ бо теъдоди 2000 нусха нашр кард ва ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ паҳн намуд.

НУСХАҲОИ ХАТТӢ, ОСОРИ ГАРОНМОЯИ ТАЪРИХИ ТАМАДДУНИ МИЛЛАТ

Як бахши муҳиме, ки хонандаро ба сайри таърихӣ мебарад, “Нусхаҳои муътабари фонди тиллоии Китобхонаи миллии Тоҷикистон” мебошад. Тавре аз номаш пайдост, дар ин боб муаллиф кушидааст аз таърихи хазинаи дастхатҳо қисса кунад ва тадриҷан хонандаро бо муҳимтарин нусхаҳои қаламӣ ва таърихӣ ошно созад. Таърихи бунёди шуъбаи дастхатҳо ба аввали солҳои 30-уми асри гузашта рабт мегирад. Бино ба навиштаи муаллиф, “моҳи майи соли 1933 Пажўҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии назди Комиссарияти маорифи халқии Тоҷикистон ба Китобхонаи Фирдавсӣ аввалин маҷмўи дастхатҳои нодирро интиқол медиҳад ва баъд аз як сол дар сохтори Китобхона Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, ки имрўз махзани асосии нусхаҳои муътабари хаттӣ маҳсуб меёбад, ба фаъолият шурўъ мекунад. Ҳадафи асосии Шуъба, қалб аз ҳама, ҷамъоварӣ, коркард, таҳқиқ, ҳифз ва нигоҳдории нусхаҳои нодири хаттӣ ва китобҳои чопи сангӣ буд. Дар радифи ин иқдоми нек, кормандони шуъба дар созмондиҳӣ ва таҳияи аввалин феҳристҳои нусхаҳои хаттӣ кўшиш ба харҷ доданд”.
 Имрўз дар фонди тиллоии шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири КМТ 26576 нусха китобҳои нодир, ки мутааллиқ ба асрҳои XII–XIX мебошанд, ҳифзу нигоҳдорӣ карда мешаванд. Аз ин ҳисоб 2476 нусхаро дастхатҳо, 21430 нусхаро китобҳои чопи сангиву муосир ва 2670 ададро нусхаҳои хаттии электронӣ ташкил медиҳад.
Дар бахши “Фаъолияти библиографии Китобхонаи миллии Тоҷикистон” хонанда дар бораи Дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ, Фонди нашрҳои анъанавӣ ва электронии маълумотдиҳӣ-библиографӣ, системи феҳристу картотекаҳо, феҳристи алифбоӣ феҳристи мураттабӣ системи картотекаҳои библиографӣ, Картотекаи мураттабии мақолоти нашрияҳои даврӣ, Картотекаи мавзўи, картотекаи фардӣ,  захираи маълумотномаҳои иҷрошуда, дастурҳои библиографияи илмӣ-ёрирасон, иттилооти ҷории библиографии адабиёт, библиографияи шарҳиҳолӣ ва ғайра маълумоти муфид  пайдо мекунад. 
Дар мавриди иртиботҳои байналмилалии китобхона муаллиф гуфтааст, ки Китобхонаи миллӣ бо 27 китобхонаи 23 кишвари олам додугирифт дорад. Иддае аз кормандон солҳои мухталиф дар кишварҳои хориҷ таҷриба андӯхтаанд, дар семинарҳои омӯзишиву илмӣ ширкат кардаанд. 

ИМРӮЗИ КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

 Дар идомаи китоб муаллиф хонандаро ба сайри маҷозии бинои имрӯзаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки 20 марти соли 2012 ифтитоҳ шудааст, мебарад. Ин китобхона  дорои 25 толори хониш барои 1500 ҷойи нишаст, 28 маҳфузгоҳ барои нигоҳдории 10 млн. китоб ва дигар навъҳои асноди иттилоотӣ, 9 маҷлисгоҳ ва толори баргузории конфронсу симпозиумҳо барои 1200 ҷойи нишаст, 2 толори намоишгоҳи китобҳо, 1 толори театрӣ барои 100 ҷойи нишаст, 40 бахшу шуъба ва марказҳо мебошад.  
Дар сохтори Китобхонаи нав илова ба бахшу шуъбаҳои амалкунанда, шуъбаву марказҳои нав, аз қабили «Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ», «Шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ», «Шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмӣ», «Шуъбаи феҳристнигорӣ ва истифодабарии онҳо», «Шуъбаи равобити байналмилалӣ», «Шуъ¬баи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ», «Шўъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо», «Шуъбаи таҳрир ва интишорот», «Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон», «Шуъбаи котибот», «Шуъбаи истифодабарии техникӣ ва хизматрасонии коммуналӣ», «Шуъбаи истифодабарӣ ва хизматрасонии электротехникӣ», «Бахши умумӣ ва коргузорӣ», «Бахши иқтисод ва банақшагирӣ» ва 4 мар¬казҳои соҳавии «Тоҷикшиносӣ», «Ко¬ну¬ни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ», «Иттилооти ҳуқу¬қӣ» ва «Такмили ихтисос» таъсис ёфтанд.
Ҳамчунин дар бораи низоми нави худкори раванди китобдорӣ-иттилоотӣ, толори хониши электронӣ, шўъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ, шўъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, захираи нашрҳои маълумотдиҳанда, феҳристи мураттабӣ ва алифбоӣ; картотекаи электронии рўзномаҳо, картотекаи электронии маҷаллаҳо, картотекаи мавзўии электронии «Тоҷикистон дар қомуси бузурги шўравӣ» ва картотекаи хронологӣ маълмоти муфассал додааст. Ҳамзамон толорҳоро муаррифӣ кардааст. 
Ба китоб доктори илмҳои педагогӣ, профессор Қурбон Хоҷаев, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродов ва номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафар Шосаидов тақриз навиштаанд. 
Ин буд маълумоти мухтасар дар бораи як дастурамале, ки Китобхонаи миллиро барои хонандагон ва пажуҳишгарони оянда муаррифӣ мекунад. 
Ошноии комил бо ин рисола ин ҷост

Барчаспҳо: