Аз якуми ноябри соли 2012 бо максади фароҳам овардани фонди алоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Фаъолияти он баҳри иҷрои хизматрасонии иттилоотӣ ва маълумотӣ-библиографии хонандагон, ташкили феҳристи электронӣ, махзани манобеъи электронӣ ва таҳияи асарҳои библиографӣ равона карда шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба
Китобхонаи миллӣ 78 нусха китоби нав тақдим
кард. Аксари ин китобҳо тозанашр буда,
зарфи 3-4 соли охир дар нашрияҳои гуногуни
кишвар ва хориҷ аз он ба табъ расидаанд.
Бештари онҳо доир ба сиёсати хориҷии
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дипломатияи
кишваранд, ки вазорат ройгон ба Китобхона
ҳадя намуд. Аз ҷумла,китобҳои
«Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сиёсати...