Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз якуми ноябри соли 2012 бо максади фароҳам овардани фонди алоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Фаъолияти он баҳри иҷрои хизматрасонии иттилоотӣ ва маълумотӣ-библиографии хонандагон, ташкили феҳристи электронӣ, махзани манобеъи электронӣ ва таҳияи асарҳои библиографӣ равона карда шудааст.
Тибки накшаи корӣ низоми коргузории Медиатека дар ду шакл – анъанавӣ ва электронӣ ба роҳ монда шудааст.

То ба имрӯз Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зеринро анҷом додааст:

Дастури библиографии “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” ва “Китобхонаҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлол” тартиб дода шуд. Дар нимослаи аввали соли равон бо талоши кормандони Медатека 23 суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хидмати хонанда қарор дода шуд.
Инҳо:

  • 1. Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии  Соли  нави мелодии 2015;                    
  • 2. Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 3. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шўрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 4. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 5. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили   22- юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон;
  • 6. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи модар;
  • 7. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ;            
  • 8. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат;
  • 9. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов;    
  • 10. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо иштирокчиёни «Наврўзи адибон» дар Маҷмааи таърихӣ ва фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»                                                             
  • 11. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд;
  • 12. Суханронӣ дар Форуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об;
  • 13. Суханронӣ дар мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея;
  • 14. Суханронӣ дар иҷлосияи якуми даъвати панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ;
  • 15. Суханронӣ дар маросими гузоштани санги асос ба бунёди хатти интиқоли барқи 500 кв ва панҷ мактаб;
  • 16.Суханронӣ зимни мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Темурмалик;
  • 17. Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Данғара;
  • 18. Суханронӣ дар мулоқот бо ҳайати шахсии баталёни танкии қисми низомии 13483 дар ноҳияи Данғара;
  • 19. Паёми табрикӣ ба ифтихори таҷлили 70-умин солгарди Ғалаба бар фашизм;
  • 20. Суханронӣ дар маросими оғози корҳои сохтмони нақб дар масири роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон;
  • 21. Паёми табрикотии телевизионӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон;
  • 22. Суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015;
  • 23. Паёми телевизионӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон.

Ҳамчунин хонандагон ҳоло имкон доранд ин китобҳоро дар шакли электронӣ мутолиа кунанд, ки бо талоши кормандони шуъбаи мазкур ҷамъоварӣ ва ба хазина ворид карда шудааст:

  • 1. “Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллат”
  • 2   “Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ”
  • 3.  “Эмомалӣ Раҳмон ва оғози марҳалаи созандагӣ”
  • 4.  “Эмомалӣ  Раҳмон ва соле, ки ба қарнҳо баробар аст”
  • 5.  “Эмомалӣ Раҳмон ва соли фарҳанги оламгир”
  • 6.  “Эмомалӣ Раҳмон ва  соли тамаддуни ориёӣ”
  • 7.  “Эмомалӣ Раҳмон оғози марҳилаи нав”
  • 8.  “Эмомалӣ Раҳмон ва соли Рўдакӣ”
  • 9.  “Эмомалӣ Раҳмон ва соли Имоми Аъзам”
  • 10.  “Эмомалӣ  Раҳмон ва  соли маориф ва фарҳанги техникӣ”
  • 11. Рахмонов Э., “Независимость Таджикистана и возрождение нации-том 1”
  • 12. Рахмонов Э., “Независимость Таджикистана и возрождение нации-том 2”
  • 13. ”Рахмонов Э., Независимость Таджикистана и возрождение нации-том 3”
  • 14. Рахмонов Э., “Независимость Таджикистана и возрождение нации–том 4”
  • 15.”Рахмонов Э., Независимость Таджикистана и возрождение нации–том 5”
  • 16. Рахмонов Э., “Независимость Таджикистана и возрождение нации -том 6”
  • 17. Рахмонов Э., “Независимость Таджикистана и возрождение нации- том 7”
  • 18. Рахмон Э., “Независимость Таджикистана и возрождение нации-том 8”
  • 19. Рахмон Э., “Независимость Таджикистана и возрождение нации–том 9”
  • 20. “Рахмон Э., Независимость Таджикистана и возрождение нации- том 10”
  • 21. Рахмон Э., «Таджики в зеркале истории. От Арийцев до Саманидов»
  • 22. Раҳмон Э., “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” (бо хати форсӣ)
  • 23. Rahmon E., “A Glance at the History and Civilization of Aryans”.

    Дар ин муддат хазинаи Медиотека бо 2 филми мустанад -“Эмомалӣ  Раҳмон марде аз сарнавишт”,  “Ятимпарвар” ва суратхонаи онро 1175 аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ ва иҷтимоиву ободонии кишвар аксбардорӣ  шудаанд, ғанӣ гардонид.

Низоми кори шуъба: Ҳар рӯз аз соати 8-00 то 17-00.