Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-и шаҳри Душанбе имрӯз, 21 августи соли 2020 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши китоб баргузор кард.
Ин намоиши китоб барои ширкаткунандагони Конферонси ХIХ-ғайринавбатии бахши душанбегии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир шуд.
Дар намоиш 121 адад китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мавзўҳои мухталиф гузошта шуданд.
Намоиш ҳаминрӯзӣ буда, вакилони Конфронси ёдшуда дар баробари ширкат дар кори конфронс ҳамзамон бо номгӯи китобҳои Пешвои миллат ва китобҳо дар бораи фарзанди содиқи Ватан Эмомалӣ Раҳмон, ҲХДТ, таърихи пайдоиш ва фаъолиятҳои он то ба имрӯз ошно шаванд.