Муаррифии Тоҷикистон дар чанд сатр
Нашр шуд 2020-10-02 15:49
Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи Шоҳроҳои бузурги абрешим қарор дорад. Ин кишвари кӯҳистон аст, зеро 93 фоизи замини онро кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Помир, Тиёншон ва дигар қуллаҳои баланд ташкил медиҳанд.
Масоҳати умумии ҳудуди Тоҷикистон 143 ҳазор км мураббаъ аст. Дарозию паҳноии кишвар аз Ғарб ба Шарқ 715 км ва аз шимол ба ҷануб 509 км аст.
Тоҷикистон аз ғарб ва шимол бо Ӯзбекистон ва Қирғизистону Хитой ҳамсарҳад буда, аз ҷануб марзи тӯлонӣ бо Афғонистон дорад. Аз Покистону Ҳиндустон марзи Тоҷикистонро ҳудуди паҳноияш 15 километраи Афғонистон ҷудо мекунад.
Ҳавои кишвар дар водиҳо то 50 дараҷа гарм ва дар баландиҳо то ба 50 дараҷа хунук мешавад.
Тоҷикистон соли 1991 баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ давлати мустақил шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон барои ҳар як инсон зиндагии арзанда ва рушди озодонаро фароҳам меоварад. Ҳудуди Тоҷикистон тақсимшаванда ва дахлнопазир мебошад. Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст.
Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст.
Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, соли 1992 Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Имрӯз Тоҷикистон бо 152 кишвари олам робитаҳои дипломатӣ дорад.
Аз китоби “Тоҷикистон – 25”. Душанбе: Ирфон, 2018. – 372 с.
Таҳияи Оинамо Имомназарова,мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон