Калам ҳамкору ҳамзамони осори тасвирию хаттӣ аст. Вай дар забони тоҷикӣ бо калимаҳои килку ҳома низ маълум мебошад. Одамони қадим барои тасвиру навишт воситаҳои гуногунро истифода кардаанд ва пас аз най қалам тарошидаанд. Ковокии миёни най ангишт, қурғошим, графит (маъдани сиёҳ) ва ранги хушк мерехтанд.
Пайдоиши найқалам ва баъзе хелҳои дигари қалам ба замонҳои хеле қадим мансубанд. Найқалам қариб се ҳазор сол ва пар бештар аз 1200 сол қабл дар истифода буданд.
Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии кишвар ба таҳлили амиқи вазъи имсолаи обиву энергетикӣ иртибот дошта, ба мардум тавзеҳ медиҳад, ки бо сабаби тағйирёбии иқлими сайёра, кам гардидани сатҳи оби дарёҳо таъсири он ба кишвари мо низ расидааст ва душворию монеаҳои мушаххасро ба миён овардааст. Захираи барф дар баландкӯҳҳои болооби дарёҳо кам ва ҳоло дар дарёи Вахш, ки рудхонаи асосии истеҳсоли неруи барқ дар кишвар ба шумор меравад, сатҳи об поин гардида, резиши об ба обанбори “Норак” кам шудааст.