Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат (26.12.2019) нақш ва манзалати китобу китобхонаро дар рушди ҷомеаи муосир муҳим арзёби намуда, қайд намуданд, ки “Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои
Дар нуҳ моҳи соли равон ба узвияти Китобхона 14805 нафар пазируфта шуда, шумори хонандагони он дар умум ба 207186 нафар расидааст. Дар ин бора имрӯз дар ҷаласаи ҳисоботи нуҳмоҳаи фаъолияти Китобхонаи миллӣ директори Китобхона профессор Файзализода Ҷумахон Хол иброз дошт. Вай аз ҷумла гуфт, ки таҳлил нишон дод, ки аксари нав
Иди Меҳргон пас аз Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои мардуми форсизабон аст, ки дар меҳррӯз аз бурҷи Меҳрҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн дар рӯзҳои аввали фасли тирамоҳ баргузор мегардад. Дар гузашта ин ҷашнро зардуштиён дар даҳуми меҳр ва ё наздиктар ба он ҷашн мегирифтанд. Ин ҷашн дар меҳррӯз оғоз мешуд ва шаш рӯз таҷлил карда мешуд ва дар ромрӯз ба поён мерасид. Нахустин рӯзи ҷашн «Меҳргони омма» (ҳамагонӣ) ва рӯзи охирини ҷашн «Меҳргони хоса» (вижа) номида