Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” такони ҷиддие дар омавигардонии мутолиа хоҳад буд

Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат (26.12.2019) нақш ва манзалати китобу китобхонаро дар рушди ҷомеаи муосир муҳим арзёби намуда, қайд намуданд, ки “Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад”.

Ин нуктаро Ҷумахон Файзализода директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон зимин баргузории мизи мудаваре, ки таҳти унвони “Паём-дастури созанда” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуд, баён дошт.

Дар ҳамоиш қайд гардид соли дуюмаст, ки бо сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардида истодааст. Таваҷҷуҳи хос ва таъкиди ҷузъиёти баргузории озмуни мазкури Пешвои миллат бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки нақши он дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти миллат, махсусан, камолоти насли навраси тоҷик бе андоза бузургаст. Ба таъкиди директори Китобхонаи миллӣ  бо эълон гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» на танҳо таваҷҷуҳи аҳли илму адаб, мактаббачагон ва донишҷӯён ба мутолиа ва китоб бештар мегардад, балки як такони ҷиддие барои ба китоб рӯ овардани қишрҳои дигари ҷомеа низ хоҳад буд.

Дар ҳамин Паёмашон Президенти мамлакат дастур доданд то дар ҳама ташкилоту муассисаҳо китобхонаҳо созмон дода шавад то ҳама қишрҳои ҷомеа бо мутолиа пайванд гарданд.  “Ин созандатарин иқдоми Пешвои миллат дар самти соҳибмаърифтаии мардуми кишвар  мебошад, ки баргузории ҳамасолаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҳадяи шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”– ба ҳар як оилаи кишвар идомаи мантиқии сиёсати фарҳангдӯстонаи Президенти мамлакат мебошад”, - гуфт Ҷумахон Файзализода Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Ситора Абдумуминзода директори Китобхонаи илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон зикр кард, ки дар Паёми охире, ки Сарвари давлат ба мардуми кишвар пешниҳод намуданд, як такони ҷиддие буд барои саргарми мутолиа намудани ҷомеаи Тоҷикистон. Зимни ироаи Паём баён гардида буд, ки «Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд». Ба андешаи Ситора Абдумуминзода ҳар як иқдом ё санае, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус мактабиён, донишҷӯён, наврасону ҷавонон ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад.

Дар мизи мудавваре, ки  таҳти унвони “Паём - дастури созанда" баргузор шуд, дар он чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанги кишвар, махсусан китобдорон ва таҷрибадорони соҳа иштирок ва дар мавзӯҳои “Пешвои миллат таҳаввулгари соҳаи китобдорӣ”, “Нақши Пешвои миллат дар омавигардонии мутолиа” суханронӣ намуданд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР

Шуъбаи матбуоти даврӣ

Барчаспҳо: