Тибқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз 14 майи соли 2016 қабул шудааст, дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир мешаванд. Ҳамин гуна як чорабиниро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо баргузории мизи мудаввар зери унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат –чароғи роҳи пешрафт»-ро Шуъбаи таблиғ ба рагузории чорабиниҳои фарҳангӣ, матбуоти даврӣ ва медиатекаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонону кормандон доир намуданд.Дар рафти чорабини меҳмонон бо маърӯзҳои пурмуҳтаво аз Иҷлосияи таърихиву тақдирсози 16-уми Шурои Олӣ, корнамоиҳо ва ҷонбозиҳои Сарвари давлатамон дар роҳи пурпечутоби расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуданд.
Ба таъкиди муовини якуми директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода дар марҳалаи басо мушкили давлатсозии мо тоҷикон, ки ба айёми ҷанги шаҳрванди рост меояд, касе зимоми давалатдориро ба даст гирифтан намехост. Дар ин миён муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азми қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстию ватанхоҳӣ нидои сулҳу дӯстӣ сар дод ва миллатро ба Ваҳдату ягонагӣ даъват намуд. Маҳз аввалин суханони ӯ аз боби Ваҳдату ягонагӣ, якпорчагии кишвар, рушди гуногуни соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар фарди сокини ватани азизамон Тоҷикистон будадан. Дар ҳамоиш зикр шуд, ки таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.
Дар ҳамоиш мазкур мувоини якуми директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз кору пайкори ин абармарди қавиирода, сулҳпарвару сулҳхоҳ, ватандӯсту ватанҳоҳ ёдрас шуд.
Инчунин роҳбари дастгоҳи марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонов дар бораи саҳми беандозаи Пешвои миллат дар таъсисиёбии ҲХДТ ва муовини директори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилот Абдуфаттоҳ Аминов дар мавзӯи «Пешвои миллат ташаббускори рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маърӯзаҳо намуданд.
Инчунин дар чорабинӣ намоиши китоб бо китобҳои тозанашри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва адабиётҳо дар бораи Президенти мамлакат ба маърази дид гузошта шуд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
Шуъбаи матбуоти даврӣ