Матбуоти тоҷик ва Ваҳдати миллӣ
Нашр шуд 2016-06-22 17:11
22 - уми июни соли равон, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Нақши матбуоти тоҷик дар тарғиби арзишҳои Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиш олимону мутахассисон, пажўҳишгарону коршиносон ва оммаи васеъи мардум ширкат намуданд.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода вобаста ба мавзўи ҳамоиш суханронӣ намуда, моҳият ва унсурҳои сулҳофарини Ваҳдати миллиро ташреҳ намуда, таъкид дошт, ки “нуздаҳ соли баҳамомадан, нуздаҳ соли эҳёи миллӣ, нуздаҳ соли худсозӣ ва худшиносиву худогоҳӣ буд, ки мо ба сулҳу субот, оромӣ ва рушди устувори ҷомеа ва давлати навини худамон ноил гардидем. Ин қадамҳо ва ин дастовардҳои ҷовидонаи миллати тоҷик дар саҳифаҳои таърихи даврони ҷадиди кишвари мо бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд, ки дар пешгоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат меистанд.”
Ҳамзамон, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Зиннатуллои Исмоил вобаста ба «Нақши матбуоти тоҷик дар тарғиби арзишҳои Ваҳдати миллӣ», суханронӣ намуда, аз талошу ҷоннисориҳои қаламбадастони тоҷик дар даврони сарнавиштсоз ва даврони гузариши таърихии миллат, ки кишвар дар бумбасти сиёсӣ қарор дошт суханронӣ намуда, нақши матбуоти тоҷикро дар раванди иҷтимоикунонии Ваҳдати миллӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Дар ҳамоиш профессор Муродӣ Мурод дар мавзўи «Ҷумҳурият» ва масъалаҳои ваҳдати миллӣ», Маъруфи Абдуҷаббор-корманди Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи “Матбуоти электронӣ ва рушди афкори ҷамъиятӣ”, Хуршеди Атовулло сардабири ҳафтаномаи «Фараж» дар мавзўи “Матбуоти тоҷик дар давраи гузариш”, Носирҷон Маъмурзода-муовини сардабири рўзномаи “Хатлон” дар мавзўи “Тараннуми сулҳу ваҳдати миллӣ дар нашрияҳои музофотии Тоҷикистон», Маҳмудҷон Усмонов-Котиби масъули ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар мавзўи “Ҷавонони Тоҷикистон”- тарғибгари Ваҳдати миллӣ дар миёни ҷавонон” баромад намуда, аз кори матбуотчиёни тоҷик дар раванди сулҳу суботи кишвар тавсиф намуданд.
Муҳаммадиқбол Атоев