Дар хонаи ман ҳанӯз сипанди падар аст...

Оқибати зиндагӣ бозгашт аст, бозгашт ба сӯйи Парвардигоре, ки офарид.
Ва чораи дигаре нест, инсони омада бояд баргардад.
Зиндагӣ ба сони сафарест аз диёр ба диёре ва сафаркарда бояд ба маконаш бозгардад.
Аммо аз рафтагон ёдҳои ширине боқӣ мемонанд ва ин ёдҳо ҳастанд, ки бозмондагонро зинда медоранд.
Ин ёдҳо ҳастанд, ки гумон мекунем он азизи рафта ҳаргиз нарафта, балки зиндаву ҷовид дар ёду хотироти мост.
Каме пештар қиблагоҳии ҳамкори мо Ҷалолиддин Нуров дори фониро тарк кард ва роҳ ба сӯйи охират пеш гиифт. Рафтани падар гулусӯз аст, писаре, ки ҳоло ба камол расидаву худ падари фарзандонест, дар ёди азизи дилаш бо сӯз мисраҳое суруда, ки гумон меравад танҳо сӯзи дили ӯ нест, балки сӯзи қалби ҳамаи касонест, ки падар гум кардаанд.
Ва ҳанӯз ашки чашмонаш аз реҳлати падари бузургвор хушк нашуда, модари дилфигор низ дори фониро тарк кард. Фоҷеа болои фоҷеа.
Таҳаммули марги азизон карест сангин.
Аммо чӣ бояд кард, чӣ метавон кард, ба ҷуз ин ки боз ҳам сабр пеша кунӣ, чун ин фармудаи он Дӯст аст.
Дар остонаи Наврӯз, ки гузашт, ҳамкори дигари мо Муҳамматиқбол Атоев,  дар як шаб ҳам падар ва ҳам модари азизашро аз даст дод. Худ тасаввур кунед чӣ ҳад мусибатест, ки бояд як инсон таҳаммул кунад. Ва ҳамин ҳиссиётро боз ҳам Ҷалолиддин Нуров ба риштаи назм кашида.
Мо ин навиштаҳоро аз саҳифаи Фейсбуки Ҷалолиддин гирд овардем. Рӯбоиҳои басо самимиву дилнишин. Мехонем ва гумон мекунем ин модари мост, ин падари мо ва ин хонаву ҳавлӣ ва ҳотаи мост...
Мо хондему ин гуна тасаввур кардем, ҳоло мехоҳем бо шумо бихонем, бо ҳам бихонем...

Падару модар ду муъҷизаи Илоҳӣ барои фарзанданд. Бояд фарзанд ҳамеша бо ин ду муъҷизаи Илоҳӣ аҷр гузорад. Вале афсӯс дар тӯли се моҳи охири соли равон ман ҳам падари бузургвор ва ҳам модари беназирамро чун ду гавҳари якдона гум кардаам...” 

Ҷалолиддин Нуров

Рубоӣ дар васфи Падар ва Модари азизам.

Дар зиндагиаш модари ман  хор нашуд.
Муҳтоҷи табиб нагашту бемор нашуд.
Ҷуз куртаи пора пораи модари ман, 
Ҳар гуна матоъ ҷилдаки тумор нашуд.

***   ***   ***

Дар сурхии руи модарам оташ буд.
Равшангари тароикию зулмоташ буд.
Оҳуи хутан набуд, не анбару мушк,
Дар хонаи ӯ накҳати ҷурғоташ буд,

***   ***   ***

Дар хонаи мо калиди анбор набуд.
Дороӣ набуд, косаи зарвор набуд.
Дар токи баланди хонаи модариам,
Ҷуз пораи нону панди Аттор набуд.

***   ***   ***

Эй модари ман  чӣ шуд, ки кампираки ту.
Гурмид ба даруни остин лилаки ту.
Монанди хамири пуппа ман боз шудам,
Дар сурфаю дар тахтаю дар тираки ту.

***   ***   ***

Дар хонаи мо халтаи пудина набуд.
Доругӣ ба ҷуз қоқуи порина набуд.
Дар хонаи модарии ман, эй мардум,
Монанди дили модарам оина набуд.

***   ***   ***

Аз моли падар юғаку испорам монд.
Ангури сиёҳ замини шудгорам монд.
Аз нақши ду дасти босахояш мерос,
Раднома ба ҷайбу ҷилди туморам монд.

***   ***   ***

Дар хонаи ман ҳанӯз сипанди падар аст.
Дар токи баланди ӯ каланди падар аст.
Ширинии бачагию ширинии умр,
Аз шарбати зардолуи қанди падар аст.

***   ***   ***

Хурдам зи пиёзи сурхи анзури падар.
Аз меваи ширадору ангури падар.
Гулхан ба дилу сина фурӯзон кардам,
Аз лолаи арғувонии гури падар.

***   ***   ***

Бигзашту бирафт падар зи ман дар дами гул
Аз сар бигузашт маро ҳозорон рами гул.
Эй аспи падар куҷоӣ, боз о, ба Худо,
Обат бидиҳам мудом ман аз шабнами гул.

***   ***   ***

Аҳсан ба падар ,ки оқилу маънавӣ буд
Ӯ хизри замони хешу ҳам мавлавӣ буд.

Бо ақли расою зеҳни нотакрораш,
Донандаи мавлавию ҳам маснавӣ буд.

***   ***   ***

Ин тути падар, ки мепазад ҳар сари сол.
Бишнонда будаш ба дасти худ ҳамчу ниҳол.
Эй тути падар сабз бимонӣ ҳама умр,
Аз шираи ту гирифтиаам авҷу камол.

***   ***   ***

 Дар бистари модарам гули арча шикаст.
Дар токи дилам косаи фарфарча шикаст.
Ин арчаи сабзи модарам дар сари сол.
Аз рафтани модарам дар ин хона шикаст.

***   ***   ***

Файзи дари ман зи панчаи бабри ту буд.
Лутфи сари ман зи сояи абри ту буд.
Пушту панаҳам баъди Худо эй модар, 
Болои баланди гунбади қабри ту буд.

Дар сӯгвории Падар ва Модари дӯсти азизам Муҳаммадиқбол Атоев

Гум шуд зи ҷаҳон модари якдонаи ту.
Ҳам қиблаи ту шери дари хонаи ту.
Танҳо ту наӣ нагӯ, ки танҳо мондам,
Валлоҳ ба Худо додари якдонаи ту.

Мондӣ зи падар, куҷо шуд он модари ту.
Шамсу қамарат гузаштаанд аз сари ту.
Модармуриву падармурӣ мерос аст,
Аз ҳазрати Пағамбару аз Сарвари ту.

Ин фоҷиаро, ки чашми зебоят дид.
Аз шумии ў замину осмон ларзид.
Аз нолаи ту додари якдонаи ман,
Истора зи тори осмонҳо афтид.

Дидам, ки туро Муҳаммади Иқболӣ.
Аз мотами волидайни худ менолӣ.
Эй додари маънавию боиқболам,
Дидам, ки туро он лаҳза беиқболӣ.

Гул ханда кунад зи равзаи модари ту.
Дар қиблаи гумкардаи он хоҳари ту.
Баъд аз сари волидайни боимонат,
Валоҳ ба Худо барои мо додари ту.

Ҷалолиддин Нуров