Кормандони Китобхонаи миллӣ дар ҷаласае, ки субҳи рӯзи шанбе доир карданд, райъпурсиро талаби замон номиданд ва гуфтанд, ки он ба хотири таҳкими давлатдории тоҷик роҳандозӣ мешавад.
Сардори Маркази иттилооти ҳуқуқи Китобхонаи миллӣ Мушарраф Ёсинзода, ки дар мавриди зарурати тағйироти иловаҳо ба Конститутсия суханронӣ кард, аз ҷумла гуфт, ки Тоҷикистон дар сеюмин даҳаи истиқлолияти худ гом мезанад ва дар ин давра таҳаввулоти азими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва имтиҳонҳои зиёди амниятӣ ба вуҷуд омадааст.
Мулоқоти навбатии кормандони Китобхонаи миллӣ барои даъвати хонанда ба мутолиаи китоб ва Китобхона имрӯз дар дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино баргузор шуд.
Дар аввал муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Дилшод Солиҳов вохўриро ҳусни оғоз бахшида, дар бораи ҳадафи ҷамъомад нақл кард ва меҳмононро ба ҳозирон шинос кард.