Даъвати донишҷуён ва мактабиён ба китоб ва Китобхонаи миллӣ

Мулоқоти навбатии кормандони Китобхонаи миллӣ барои даъвати хонанда ба мутолиаи китоб ва Китобхона имрӯз дар  дар  Донишгоҳи давлатии тиббии  Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино   баргузор шуд.  
Дар аввал муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи  Абуалӣ ибни Сино   Дилшод Солиҳов вохўриро  ҳусни оғоз бахшида, дар бораи ҳадафи ҷамъомад нақл кард ва меҳмононро ба ҳозирон шинос кард.
Сардори шуъбаи матбуоти даврӣ  Муҳаммадиқбол Атоев, дар бораи нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар рушди афкори ҷамъиятӣ ибрози андеша кард.
  Инчунин сардори шуъбаи  хизматрасонии библиографӣ Фирдавс  Аминов  дар бораи “Нишондиҳандаҳои Китобхонаро аз соли 1933 то 2016” маълумот дода, баъдан муовини сардори шуъбаи нигоҳдории китоб Зафари Гулмурод  дар бораи “Хизматрасонӣ ба хонандагон”  ва сармутахассиси  шуъбаи феҳристнигорӣ Фароғат  Толибова дар бораи “Истифодабарӣ аз феҳристҳои Китобхона” баромад  карданд.
Дар бораи фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва  хизматрасониҳои  шартномавии  он аз тарафи кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ   маводҳои  тарғиботӣ ба 300 нафар донишҷуёни донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки иштирок доштанд  тақсим  карда  шуд.
Дар анҷоми чорабинии мазкур аз ҷониби райёсати Китобхона ба роҳбарияти  Донишгоҳи давлатии тиббии   Тоҷикистон якчанд китобҳои тозанашр тақдим карда шуд.
Ҳамчунин имрӯз, шанбе, 14-уми май гуруҳе аз кормандони Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ бо хонандагони мактаби таҳсилоти умумии № 90 ва гимназияи рақами 1 барои хонандагони болаёқати ноҳияи Сино мулоқот карданд.
Ба онҳо дар бораи Китобхонаи миллӣ нақл карданд ва даъват намуданд, ки аз имкониятҳои васеъи ин боргоҳи маърифат истифода баранд.
Дар ин ду мактаб низ бештар аз 200 адад буклетҳои таблиғотӣ миёни хонандагон паҳн карданд.