Миллати тоҷик дар боби забону фарҳанг, расму оин ва таърихи қадимаи худ байни дигар давлатҳо мавқею мақоми хосаеро доро аст. Маҳз, ҳамаи ин шинохтанҳою пешравиҳо ва давлати ягона будан билкул аз истиқлолияти мо тоҷикон вобаста аст. Агар ба таври мисол гирем, дар замони истиқлол ватани азизу маҳбуби мо чи қадар рӯз то рӯз дар соҳаҳои гуногун ба мисли маориф, техника, энергетика, иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳангу санъат мақоми волотареро касб намудааст.
Чунин ном дошт Конфронси илмӣ -оммавӣ бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, ки баъди зуҳри имрӯз дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода бо арзи табрики самимӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон гуфт, ки дар ҷомеаи имрӯз ҷавонон як қувваи пешбаранда маҳсуб мешаванд ва нақши онҳо дар рушди суботу оромӣ ва тавсеаи иқтисодӣ қобили инкор нест.