То гавҳари ҷон дар садафи қолаби тан ҳаст...
Миллати тоҷик дар боби забону фарҳанг, расму оин ва таърихи қадимаи худ байни дигар давлатҳо мавқею мақоми хосаеро доро аст. Маҳз, ҳамаи ин шинохтанҳою пешравиҳо ва давлати ягона будан билкул аз истиқлолияти мо тоҷикон вобаста аст. Агар ба таври мисол гирем, дар замони истиқлол ватани азизу маҳбуби мо чи қадар рӯз то рӯз дар соҳаҳои гуногун ба мисли маориф, техника, энергетика, иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳангу санъат мақоми волотареро касб намудааст. Ғайр аз ин чизи дигаре, ки чашми ҳар бинандаеро ба худ ҷалб мекунад ва ҳар фард аз дидан баҳравар гардида хушҳолу болидарӯ мегардад, ин ана ҳамон сохтмони биноҳои боҳашамати пойтахтамон шаҳри Душанбе мебошад. Ба мисли «Қасри миллат», «Парчами давлатї», «Нишон», «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», «Кохи Наврўз», «Боѓи Пойтахт» ва амсоли инҳо ба ҳисоб мераванд, ки бо зебогии худ баҳри ободиву зебогии шаҳр ҳусни дигареро зам мекунанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки баҳри ин ҳама созандагиву ободкорӣ, пешравию тараққиёт ва суботи ваҳдати миллӣ сараввал хизматҳои софдилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин радиф дигар фарзона фарзандони бонангу ори давлат саҳми арзандае гузоштаанд. Бинобар ин ҳар яки моро месазад, то ба қадри чунин неъматҳои бебаҳо расем ва дар ин қатор нагузорем, ки нохалафе ин ҳама пешравию оромӣ, сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти комилро барбод диҳад. Ин гуфтаҳоро дар назм дида бароем, чунин маъно дорад:
Чист Истиқлол ҳиммат доштан,
Бар диёри худ муҳаббат доштан.
Аз ин рӯ, баҳри боз ҳам гулгулшукуфон шудани давлатамон ҳар як фарди баори ҷомеа байни худ истиқлолро ворид созанд ва сипас метавон гуфт, ки ҳангоме истиқлолу якдигарфаҳмӣ байни қишри ҷомеа паҳн гардад, давлат низ қавитару пурқувваттар шуда метавонад. Зеро мамлакате, ки дар он мардумонаш ҳамдигарфаҳм, ватанхоҳ набошад, дар қасди ҷони як дигар бошанд, он мамлакат умри дарозеро нахоҳад дид ва зуд пароканда шуда аз байн меравад. Инчунин бояд зикр намуд, ки баҳри осоиши имрӯзу фардои миллату давлат ба қадри ҳар як гарду хоки ватани маҳбуб расем. Ба қадри неъматҳои кишвар расидан ин он маъноеро дорад, ки мо забони давлатиро пурра донему ва онро нагузорем, то заиф гардад. Ҳамчунин илова бар ин қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон, дин, маданияти миллати тоҷик, расму русум, фарҳангу санъат ва тамаддуни қадимаамонро дар ҳама вазъият мисли гавҳараки чашм нозук нигоҳ бояд дошт.
Неъматҳои Истиқлол
Яке аз неъматҳои арзандаи даврони истиқлолият ин озодона таҳсил намудан ва дар ҳама ҷода кору фаъолият намудани занону духтарони тоҷик мебошад, ки аз ин шахсан худи банда аз сарвари миллат сипос гузорам. Чунки фаромӯш набояд кард, ки давлати тоҷик замонеро аз сар гузаронида буд, ки дар он замон на зан ва на духтари тоҷик ҳуқуқи пурра ба омӯхтани илм ва таҳсилро дошт, зеро баҳри таҳсили онҳо монеаҳои зиёде мавҷуд буд. Замонае буд, ҳамин, ки духтар қадрас мешуду ба болиғ мерасид зуд ӯро ба ягон нафари аз ӯ 15-20 сол калон ба шавҳар медоданду вазифаи духтаронро танҳо зан, модар шудан медонистанду халос. Дар он вақтҳо барои занҳо таҳсили илм ва дар коргоҳҳо кор намуданро ҷоиз намедонистанд. Бинобар ин занҳо аз ҳуқуқҳои худ бехабар буданд. Аммо он давронро бо ин давраи истиқлол қиёс намоем, мебинем, ки тафоввути калоне мавҷуд аст, чунки барои духтарону занон чи қадар шароитҳои зиёде фароҳам оварда шудааст. Яъне зан озодона ҳуқуқ дорад ва метавонад, ки дар ҳар макотиби олию миёна ҳар касбу ҳунареро мехоҳад рафта бе ягон душворию монеа хонаду аз худ намояд. Бо ин роҳ ояндаи зиндагиашро рушан гардонад. Зеро маълум аст, ки зан-модар босавод бошад, пас ҷамъият низ босавод хоҳад шуд. Чунки модар фарзандонро тарбият мекунад ва давлату миллат ба фарзанди хушахлоқу хуштарбият ва донишманд ниёз дорад, аз чунин фарзандони бошараф ояндаи миллату давлат обод мегардад.
Меваҳои боғи Истиқлол
Зикр бояд кард, ки Истиқлолияти давлатӣ дар худ меваи ширине ҳам дорад. Ин маваҳои боғи Истиқлол ҷавонони шарафманд мебошанд. Ҷавонони даврони истиқлол фахр аз он бояд кунанд, ки дар чунин даврони рангину осуда ва ором умр ба сар мебаранд. Воқеан ҳам имрӯзҳо мушоҳида менамоем, ки давлату ҳукумати кишвар барои боз ҳам равнақу таҳким бахшидан барои илмомӯзии ҷавонон корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодаанд. Яке аз чунин корҳои хайру савоб ин фиристодани ҷавонони болаёқат баҳри таҳсил ба давлатҳои хориҷ аз кишвар, таъмиру аз навсозии макотибу донишгоҳҳои гуногун ва ботаҷҳизотҳои замонавӣ таъмин намудани онҳо, барои осон намудани довталабони аз ноҳияҳои дуромада роҳхатҳо (квота) барои идомаи таҳсил, бо хобгоҳҳои замонавӣ таъмин кардан, баҳри оилаҳои камбизоат кумакҳои молию пулӣ ва амсоли инҳо мебошанд, ки ҳукумати кишвар ҳамаҷониба ин шароитҳоро муҳаё сохта истодааст. Дар ин радиф аз ҷавонон танҳо як чиз талаб карда мешавад, ки ин ҳам бошад, дониши пурфазилати онҳо. Ҳамаи ин ғамхориҳо баҳри он карда мешавад, ки ҷавонон ба беҳудагардию оворагӣ ва найрангу фиреб дода нашаванду дар ҳаёт роҳи рости ояндаи хешро дарёбанд. То бохабар аз он бошанд, ки ояндаи миллату давлат маҳз дар дасти онҳост.
Дар охир барои рушди ҷомеа ва мамлакати азизамон ба хулосае омада мегӯем, ки Истиқлолияти давлатӣ ин якпорчагии ватан, таҳкими демократия, пойдории ҷумҳурӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фароҳам сохтани шароити зиндагии дурахшон барои ҳар фарди худшинос хизмат менамояд. Илова бар ин ҳеҷ гоҳ фаромӯш набояд кард, ки Истиқлолияти давлатӣ ба осонӣ ба даст наомадааст, бинобар ба қадри неъмати бузург расидани ҳар яки мо лозим аст. Зеро истиқлолият ин барои мо мардуми тамаддунофари тоҷик як нерӯи созанда ва пурифтихор ба шумор меравад. Чун имсол 25-умин солгарди истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирем, аз фурсати муносиб истифода бурда, кулли мардуми шарифи кишварро бо ин иди хотирмон табрик намуда ба онҳо фазои орому осуда, самимияти воқеӣ ва сулҳу ваҳдат нисбати ватан таманно мекунам.
То гавҳари ҷон дар садафи қолаби тан ҳаст,
Андешаву фикрам ҳама дар ёди Ватан ҳаст.
Гуфтанд сухан гӯй, «Ватан» гуфтаму гуфтам:
Зеботар аз ин вожа, магар боз сухан ҳаст?!
Рухшона Каримова
Сармутахассиси Маркази
такмили ихтисоси КМТ