Дар пайи як таблиғот ва даъват 110 нафар донишомӯзони бахши ғоибонаи Коллеҷи фарҳангии ба номи П.Буйдоқов ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва узвияти онро пазируфтанд.
Дар доираи таблиғи китоб ва даъват ба китобхона рўзи 10 – уми апрели соли ҷорӣ гурўҳи сайёри Китобхонаи милии Тоҷикистон бо сардории мудири Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ Маҳмадшариф Каримов ва муовини Марказ Юлчибой Мўсоев, мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён Умед Табаров ва мутахассиси пешбари шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ Ҳоҷиакбари Муҳиддин ба Коллеҷи фарҳангии ҷумҳурявии ба номи П.Ҷ.Буйдоқови ноҳияи Рўдакӣ рафтанд ва бо устодону донишҷӯёни он мулоқот намуданд.
Сухан аз китоб ва китобхона рафт ва кормандон ба донишомӯзон дар бораи шароитҳои имрӯзаи Китобхонаи миллӣ, шаклҳои хизматрасонӣ, хазинаи бузурги маърифат, истифода аз феҳристҳои элентронӣ ва қуттиҳои феҳрести анъанавӣ, хизматрасонӣ ба муштариён дар толорҳо, Марказҳо, шуъбаҳо ва гўшаҳои фарҳангӣ маълумот доданд.
Баъди ин 110 нафар аз ҷумлаи донишҷӯёни ғоибхони коллеҷ ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва аъзои он шуданд.
Дар умум 90 дарсади донишомӯзони коллеҷи номбурда узви Китобхонаи миллӣ буда, ин муассисаи таълимӣ яке аз пешсафтаринҳо дар миёни муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад.
Юлчибой Мўсоев,
Муовини сардори
Маркази такмили ихтисос