Вазъ ва ниёзмандиҳои китобхонаҳои Раштонзамин
Нашр шуд 2017-08-21 12:40
Китобхонаҳои ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт ба китобҳои тозанашр, техникаи китобдорӣ, технологияи муосир ва пайвастшавӣ ба шабакаи Интернетӣ ниёзи бештар доранд. Бештари кормандони китобхонаҳо дар вақти суҳбат хоҳиш намуданд, ки баҳри пешрафти кори китобхонаҳо ёрии амалӣ-методӣ зиёд карда шавад.
Як ҳайат аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо сарварии муовини аввали Директори Китобхона Саидҷаъфар Сафаров аз 8-ум то 16-уми август зимни сафари корӣ ба ноҳияҳои Лахш, Рашт, Тоҷикобод, Нуробод вазъи китобхонаҳои минтақа, масъалаҳои ҳуҷҷатнигорӣ, дастгоҳи маълумотдиҳӣ, таҷҳизотҳои техникӣ ва ғайраҳоро омӯхтанд ва дар мулоқот бо китобдорон дар бораи равандҳои муосири китобдорӣ суҳбатҳо гузарониданд.
Дар Китобхонаи системаи марказонидашудаи ноҳияи Лахш 86050 нусха адабиёти гуногун мавҷуд буда, аз ин 30141 нусхааш ба забони тоҷикӣ, 41503 нусха ба забони русӣ ва 14406 нусха бо дигар забонҳоро дар бар мегирад.
Китобхонаи системаи марказонидашудаи ноҳияи Рашт аз Китобхонаи марказӣ, 35 филиал ва 2 китобхонаи бачагона иборат буда, фонди он дорои 140115 нусха китобро дар бар мегирад, ки аз ин 103167 нусха ба забони тоҷикӣ, 22948 нусха ба забони русӣ ва 895 нусха ба дигар забонҳоро ташкил менамояд.
Китобхонаи системаи марказонидашудаи ноҳияи Тоҷикобод 35539 нусха адабиёти гуногунро дар бар гирифта, аз ин 32610 нусха ба забони тоҷикӣ, 2929 нусха ба забони русиро дар бар мегирад.
Китобхонаи системаи марказонидашудаи ноҳияи Нуробод 60523 нусха адабиёти гуногун мавҷуд буда, аз ин 41186 нусха ба забони тоҷикӣ, 19337 нусха ба забони русиро дар бар мегирад.
Китобхонаҳо ба китобҳои тозанашр, техникаи китобдорӣ, технологияи муосир ва пайвастшавӣ ба шабакаи Интернетӣ ниёзи бештар доранд. Бештари кормандони китобхонаҳо дар вақти суҳбат хоҳиш намуданд, ки баҳри пешрафти кори китобхонаҳо ёрии амалӣ-методӣ зиёд карда шавад.
Барои Китобхонаи системаи марказонидашудаи ҳар чор ноҳия нашрҳои Китобхонаи миллӣ аз ҷумла «Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2017)», «Адабиёт оид ба фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон: феҳристи адабиёт солҳои 2014-2015»дастурҳои методӣ ва библиографӣ, инчунин китобҳои электронӣ тақдим карда шуд.
Юлчибой Мусоев,
муовини сардори
Маркази такмили ихтисос