Анҷоми аввалин давраи омӯзишии Таснифоти даҳгонаи универсалӣ дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-04-15 20:45
Бистучор нафар аз ҷумлаи кормандони Китобхонаи миллӣ бо хатми аввалин давраи омӯзишии Таснифоти даҳгонаи универсалӣ соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аввалин давраи омӯзишии Таснифоти Даҳгонаи универсалӣ ба анҷом расид ва хатмкунандагонаш соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд.
Ин давраи омӯзишӣ дар Китобхонаи миллӣ таҷрибаи аввал буд ва қарор аст, баъди чанд рӯз дарсҳо барои гуруҳи дигар ҳам оғоз шаванд.
Таснифоти Даҳгонаи универсалиро эсперантои байналмилалии ҷомеаи иттилоотӣ меноманд ва ҷустуҷўйи адабиёти зарурӣ бо ёрии он, ки дар манбаи маълумотҳо махсусан махзани китоби китобхонаҳо ҷой дода шуда, бе донистани забон имконпазир аст ва тавассути шабакаи ҷаҳонии Интернет барои ворид шудан ба бозори китоб басо муҳим мебошад.
Дар бораи Таснифоти Даҳгонаи универсалӣ ва асосгузори он шумо маълуомтҳои иловагиро аз ин ҷо метаовнед дарёфт кунед:
Мелвил Дюи асосгузори ҷадвали «Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ»
Чашмандозе ба таърихи пайдоиши Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ