Чаро китобдорон бояд этика ва эстетикаро донанд?
Нашр шуд 2016-10-29 16:14
Одоби касбӣ яке аз рукнҳои ахлоқ ба ҳисоб рафта мавзўи асосии тадқиқоти он дар шароити фаъолияти корӣ мебошад. Ҳадафи асосии баррасии ин мавзўъ пешгирӣ, муқобилият ба пахшу густариши рафтори зиддиахлоқӣ, рафтори нохушоянди баъзе ашхос, ки ҳамчун натиҷаи ҳолатҳои эҳсосоти шадид ва асабоният ва ё бо сабабҳои бетарбиятӣ ва беъмасулияти дар ҷомеаи имрўза вуҷуд дошта, мебошад. Китобдор бояд дар байни хонандагон дастовардҳои меъёриву қоидаҳои рафтор, одоби муоширати меъёрҳои баргузидаи ахлоқие, ки ҳамчун намунаи тақлид байни хонандагон мебошад, риоя намояд.
Этика аз калимаи etnas-и юнонӣ гирифта шуда, мафҳуми хулқу хўй, одат, қонун ва тарзи зистро ифода менамояд. Этикаро чун истилоҳи илмӣ ба маънии таълимот ё илми ахлоқ низ ифода мекунанд. Аз ин ҷост, ки дар асрҳои миёна истилоҳи этикаро ба забони арабӣ «илм-ул-ахлоқ», яъне илми ахлоқ, тарҷума намуданд.
Аввалин маротиба истилоҳи этикаро ҳамчун таълимот дар бораи ахлоқ Арасту мавриди истифодаи таҳқиқоти назариявӣ ва фалсафӣ қарор дода буд. Ў бо номи «Этика» асаре низ таълиф намудааст. Этика илмест, ки қонунҳои умумитарин, вазифа ва қоидаҳои ахлоқро меомўзад. Яъне, илми этика дар бораи пайдоиш, инкишоф ва моҳияти ахлоқ сухан меронад.
Инчунин илми этика нуфузи ахлоқро дар пешравии маънавию иҷтимоии инсон муайян мекунад. Мақсад ва вазифаи асосии илми этика тарбияи инсони комил мебошад. Барои дуруст фаҳмидани мавзўи этика донистани одобу ахлоқ ҳатмист. Китобдор бояд, аз одобу ахлоқ, муносибат, сирату дониш низ дур набошад.
Ахлоқ калимаи арабӣ буда, маънояш рафтору кирдор ва сират аст. Масъалаи асосии одобу ахлоқ иборат аз фаҳми некию бадӣ, адолату беадолатӣ, ҳаққу ноҳаққӣ буда, мақсади аслӣ муносибати дуруст ва хайрхоҳонаи одамон аст. Аз ин рў, мафҳуми ахлоқро метавон таври зайл шарҳ дод: ахлоқ мафҳуми этикӣ аст, ки қоида, меъёри рафтор, муносибат ва муомилаи байниҳамдигарии инсонҳоро ифода мекунад.
Барои дуруст фахмидани одоби муошират китобдорро зарур аст, ки аз этика низ бохабар бошад.
Этика – калимаи фаронсавӣ буда, маънояш тартиботи одӣ аст. Дар забони тоҷикӣ он ба маънои одоби муошират истифода мешавад.
Одоби муошират- маҷмўи қоида ва тартиботи муносибати байни одамон аст, ки дар муомилаи ҳаррўза зоҳир мегардад. Бояд гуфт, ки қоидаву меъёрҳои одоби муошират (этика) то ҳадде ҷанбаи зоҳирӣ дошта, инсонро маҷбур намесозад, ки миёни хайру шарр, росту дурӯғ ҳатман якеро интихоб намояд, ҳамон тавре, ки инро аҳкоми ахлоқӣ тақозо мекунанд.
Бояд гуфт, ки Китобдор одоби муошират, қоидаҳои ахлоқӣ ва эҳтироми хонандагонро ба ҷо биёрад.
Аммо қобили таваҷҷуҳ аст, ки одоби муоширатро на ҳамаи китобдорон ба ҷо меоранд. Ба ин даргоҳ аз тамоми минтақаҳо ҷумҳўрӣ хонандагон ва меҳмонон берун аз ҷумҳурӣ ворид мешаванд. Китобдор бояд бо муносибат, муомила, рафтор ва кирдори худ намунаи ибрати дигарон бошад ва дар кадом шароите, ки хонанда қарор дошта бошад ба ў хизмат расонад. Китобдорро зарур аст, ки муносибати хайрхоҳона, рафиқона ва эҳтиромона ҳамчун хислати табиӣ оддӣ ва беғаразнокро пешаи худ гардонад. Риоя накардани ҳамаи ин хислатҳо нишонаи дўст надоштани касбу кори худ, беҳурматӣ намудан нисбат ба ин ё он хонанда мебошад. Ҳаёт ин худ аз муоширати одамон иборат аст. Аз ин рў, ҳар як шахс одоби муоширатро дар як сатҳи баланд биомўзад. Зеро лафзи ширин кафолати муносибати неки байни одамон аст.
Сурайё Одинаева,
Сармутахассиси Маркази
такмили ихтисоси итобхонаи миллӣ