Чанд сол аст, ки масъалаи зиёд, дақиқтар бигўем ҳуҷуми бераҳмона ба тассавуф идома дорад. Аслан истилоҳи тассавуф дар луғати аз тоифаи дар тохтутоз камтар истифода мешавад. Ҳуҷум сахт ҳадафгир аст. Ин ҳуҷуми ҳадафгир ғолибан бар сари Мавлоно Ҷалолиддин аст. Чаро Мавлавӣ? Зеро сабки ҷидоли ин тоифа бараҳмона аст. Яъне, ин набард ҳеч кадом қонуну қоидеҳое, ки дар ҷангу набардҳои гузашта камтар ва бештар риоя мешуданд,
Ҳудудан 100 нафар хонандагони нав ва пешини Китобхонаи миллӣ меҳмони Шуъбаи хизматрасонии махсус шуданд. Бештари ин афрод касоне буданд, ки пештар ҳам узвияти китобхонаро доштанд, вале бори аввал ба ин шуъба ворид шуда буданд.
Аксари нав омадагон касоне буданд, ки даъвати кормандони шуъбаро пазируфтанд ва барои шиносоӣ бо имкониятҳо ва зарфиятҳои Шуъба, ҳадафи таъсису таърихи он ворид шуданд. Барои онҳо шуниданӣ буд, ки ҳатто нобиноён ҳам
Субҳи рӯзи 7-уми октябр дар саҳни ҳавлии бинои Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба кори худ оғоз кард. Қарор аст он то 9-уми октябр идома кунад.
Яке аз чеҳраи гиромиву шинохтаи санъати хореографии тоҷик Ғаффор Валаматзода 9-уми майи соли 1926 дар шаҳри Хуҷанд дида ба олам кушодааст. Пас аз хатми омӯзишгоҳи мусиқӣ-театрии шаҳри Хуҷанд то соли 1934 дар Театри мусиқии Ўзбекистон ба ҳайси артисти балет фаъолият менамояд. Солҳои 1934 – 1939 ҳамчун артисти балет ва балетмейстри Театри мусиқии Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ кор мекунад. Аз 1939 то соли 1945 вазифаи солисти балет ва балетмейстри Театри опера ва балети Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Соли 1934 дар Тоҷикистон Театри мусиқӣ таъсис меёбад ва Ғаффор Валаматзодаро барои идома додани
Ҳайати кормандони Маркази «Тоҷикшиносӣ» ва шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхона ба мактабҳои таҳсилоти умумии № 54, № 44 ва № 62 –и пойтахт рафтанд, то дар доираи барномаи ҷалби хонандагон ба китобу Китобхона бо хонадагони ин мактабҳо суҳбатҳо доир созанд.
Суҳбати аввал бо омӯзгорон ва ханандагони мактаби таҳсилоти умумии № 54 буд. Дар оғоз бо зумрае аз муаллимон ва сипас дар як синфхона бо
Аслан дар гузаштаи дури халқамон мафҳуми бойгонӣ ё архив бо маънои кунунӣ вуҷуд надошт, лекин ҳанўз аз даврони Куруши Кабир то ба мо омада расидани эъломияи таърихию беназири ў, сангнавиштҳои даврони ҳахоманишиҳо, деворнигораҳои Панҷакент ва мавзеъҳои дигар, мавҷуд будани академия ва китобхонаи маъруфи “Дижи нибишт” (қаср, кохи навиштаҳо, китобҳо), дар академияи маъруфи “ Гунди Шопур” гирд овардани китобҳои қадима дар замони Сосониён, мавҷудияти китобхонаи машҳури давраи Сомониён гувоҳ аст, ки гузаштагони мо ба масъалаи нигоҳ доштани маводҳо бефарқу бетараф
Шуъбаи нигаҳдории китоб аз афзудани теъдоди китобҳо зарфи чанд моҳи охир хабар дод. Тӯли ин чанд моҳ 1066 китоби нав ворид шудааст, КИ 448 нусхаи он ба забони тоҷикӣ, 599 нусха ба забони русӣ ва 19 нусха китоб ба забони дигар халқҳои ИДМ мебошад.
Китобҳои тозавуруд дар бораи забон, таърих, сиёсат, кишоварзӣ, молия, тиб, адабиётшиносӣ ва ғайра мебошанд. Аз ҷумла, китоби Саймумин Ятимов «Унсурулмаолии Кайковус дар бораи хирад» яке аз хонотарин китобҳои нав ба шумор меравад.
Китоби мазкур аз ду қисм иборат буда, дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд нашр гардидааст. Китоб аз эҷодиёти суруду таронаҳои устоди машҳури санъати тоҷик, оҳангсози нодир, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шўравӣ Ҷўрабек Муродов таҳия гардидааст. Қисми аввалро 100 суруди устод, ки ҳанўз дар оғози солҳои 80-ум аз ҷониби шодравон Ҳамидқул Ҷумъаев гирдоварӣ шуда ва соли 1982 дар нашриёти “Ирфон” нашр гардида буд, ташкил медиҳад.
Қисми дуюм 70 сурудҳои беҳтарини солҳои гуногуни устодро дарбар мегирад: “Пир манам, ҷавон манам” (ғазалиҶалолиддини Румӣ), “Дар камозорӣ” (шеъри Носири Хусрав), “Дидори ёр” (ғазали Ҳофиз), “Дили модар” (шеъри Мирзо Турсунзода) “Ушшоқи Ҷўрабек”
«Бухорои Шариф» сароғоз ё хишти аввали бинои матбуоти миллии мо буда, дар қаламрави Осиёи Миёнаи тоинқилобӣ нахустин нашрияе буд, ки пурра бо забони форсии тоҷикӣ ба табъ мерасид.
Нахустин шумораи он рўзи якшанбе, 11-марти соли 1912 дар шаҳри Когон-Бухорои нав дар ҳаҷми чор саҳифаи А-3 рўи чоп омад.
Муассисони ин рўзнома тоҷир Мирзо Муҳиддин Мансуров, шоир Мирзо Сироҷи Ҳакими Бухороӣ, ношири он мудири матбааи Когон Левии яҳудӣ,