Ҷисму ҷони одамӣ дар «Маснавӣ»
Нашр шуд 2016-10-08 11:38
Чанд сол аст, ки масъалаи зиёд, дақиқтар бигўем ҳуҷуми бераҳмона ба тассавуф идома дорад. Аслан истилоҳи тассавуф дар луғати аз тоифаи дар тохтутоз камтар истифода мешавад. Ҳуҷум сахт ҳадафгир аст. Ин ҳуҷуми ҳадафгир ғолибан бар сари Мавлоно Ҷалолиддин аст. Чаро Мавлавӣ? Зеро сабки ҷидоли ин тоифа бараҳмона аст. Яъне, ин набард ҳеч кадом қонуну қоидеҳое, ки дар ҷангу набардҳои гузашта камтар ва бештар риоя мешуданд, комилан риоя намекунад. Аз ҷумла, дар ҳеч ҷанге ба гаравгон гирифтани кўдак раво нест. Аммо акнун мебинем, ки зану кўдак ба гаравгон гирифта мешавад. Агар шахси мавриди ҳуҷумро ба гаравгон гиранд, яъне ҷони ўро ба гаравгон мегиранд. Аммо ба гаравгон гирифтани кўдак барои ин шахс мудҳиштар аст, зеро ҷонашро не ҷони ҷонашро ба гаравгон мемонанд. Тоифае, ки Мавлавиро мавриди ҳуҷум қарор додаанд ва ба гаравгон гирифтанд, алоқамандони ўро, ки танҳо аҳли забони модарии Мавлавӣ нестанд, балки дар саросари ҷаҳон бо риштаи заррини ишқи Мавлавӣ ба ҳамдигар пайвастаанд, дар ҳадаф доранд. Ин тоифа ҷони онҳоро не, балки ҷони ҷонашонро ба гаравгон гирифтаанд. Ин бесариву белаҷомӣ, поймол кардани қоидаҳои маъмули умумибашари чӣ мақсад дорад? Мақсад аслан реза – реза кардан ва баҳам рехтани табори ориёнӣ, ворисони забони маънавиёти Мавлавӣ, он қисмати инсоният, ки ба ҷаҳонбинии гуманистӣ, инсонпарварӣ гаравидааст...