Чунин номида шуд конфронси илмӣ-оммавии Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китбхонаи миллӣ, ки баъди зуҳри дирӯз, 15-уми феврал бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, донишҷӯён ва пажуҳишгарон баргузор шуд.
Гадобек Маҳмудов, муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар суханони ифтитоҳии худ мухтасар дар бораи нақши ховаршиносон дар шинохти миллати тоҷик ҳарф зад. Вай зимни суханронии худ аз дастовардҳои замони истиқлолият ва даврони ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, пешрафту шукуфоӣ ва созандагии кишварро маҳз ба талошҳои шабонарўзии роҳбари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон марбут донист.
Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ таҳти унвони «Шарқшиносии хориҷӣ ва фарҳанги ориёнӣ» маърӯза кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки дар таърихи мо ҷаҳонгирону истилогарон омада, ватани моро забт мекунанд ва дин ва маданияти худро монда дину маданияти моро қабул мекунанд. Яъне, ба хотири ҳукумат кардану ғорат намудан кишварро забт мекунанд. Мо бояд як чизро фаромўш накунем, ки зебоӣ ин худ маданият аст.
Назри Яздонӣ ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ кард, ки ин китобхонаи зебову боҳашамматро сохт ва дар он ниҳоде бо номи “Тоҷикшиносӣ” таъсис шуд.
Муҳаққиқ ва тарҷумон Ислом Юсуфӣ дар мавзўи «Нақши шарқшиносони рус дар шинохти миллати тоҷик» ва мутахассиси пешбари Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон Умед Пудинаев дар мавзўи «Саҳми ховаршиносон дар муаррифии фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик» суханронӣ карданд.
Умед Пудинаев зимнан зикр кард, ки баъзе аз донишмандон пайдоиш ва фаъолиятҳои ховаршиносиро ба асри XI мансуб медонанд, аммо мафҳуми «Шарқшиносӣ» зодаи илми аврупоист ва дар робита ба тадқиқи кишварҳои Шарқ ва амалӣ сохтани сиёсати ғарбиҳо ба вуҷуд омадааст. Таъкид ба маврид аст, ки аввалин шарқшиносони аврупоӣ ва рус бештар шахсони низомӣ буданд ва иттилооти ҷамъовардаашон бештар барои таҳияи барномаҳои низомӣ истифода мешуданд. Тибқи назари бархе нависандагон вожаи ориентализм аввалин маротиба соли 1780 дар Англия ба кор бурда шудааст. Соли 1812 он истилоҳ ба Фарҳанги Оксфорд ва соли 1838 ба Фарҳанги академии Фаронса ворид гардидааст».
Конфронс бо музокира ва саволу ҷавоби иштирокчиён ба анҷом расид.