ОШНОИИ МУҚАДДАМОТӢ БО “АВАСТО”

Агар бемории маргзой шомгоҳон фароз ояд, дармони он
бомдодон бирасад.
Агар бемории маргзой бомдодон фароз ояд, дармони он
шомгоҳон бирасад.
Агар бемории маргзой шабҳангом фароз ояд, дармони он
бомдодон бирасад.
Бишавад, ки борон обҳои тоза фурў борад; хокро нав
кунад;дарахтонро сарсабз кунад ва тандурустии наву
тавоноии тоза дар кори дармон падид оварад.

     Порае аз “Авасто” - аввалкитоби олам, пандномаи ниёкони покманзар. Бо гузашти қарнҳо ҳоло хонандаи имрӯз ба осонӣ метавонад бо асли ин китоб ошно шавад. Донишмандони тоҷик бори сангини тарҷумаву таҳияи онро ба уҳда гирифтаанд ва Маркази тоҷикшиносии  Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар идомаи тасмимаш дар мавриди ҷамъовариву тадвини маъхазҳои дасти аввали таърихиву адабӣ “Авасто”-ро дар ду китоб интишор дод.  
     Осори арзишманде, ки муҳтавои ин ҷилд ва ҷилди ояндаро фароҳам овардаанд, маҷмуаи нисбатан мукаммали ёдгориҳои хаттии ниёгони мо дар аҳди бостон маҳсуб мешаванд. Сарчашмаҳои таърихие, ки ба забонҳои юнонӣ, ҳиндӣ, чинӣ, арабӣ ва ғайра таълиф шуда, роҷеъ ба ин тамаддуни ҷаҳонафрўзи бостонӣ матолиб ва мадорики муҳимро дар бар гирифтаанд, ҳамчунин осоре, ки аслан аз байн рафта, тарҷумаашон ба ин забонҳо маҳфуз мондааст, асоси ҷилдҳои оянда хоҳад буд.
      Китоби «Авасто», ки бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон ба зевари чоп ороста гардидааст,  аз тарафи донишмандони шинохтаи кишвар Бобо Назар Ғаффор, Муҳтарам Ҳотам, Муаззами Диловар, таҳти масъулияти Назри Яздонӣ ва Ҳуриннисо Ализода омода шудааст.
     Ин нашр қисман тарҷумаи Ҷалили Дўстхоҳ аст ва қисмати дигарро аз ҷумла, қисме аз Йаснаҳо, Йаштҳо ва баъзе фаргардҳои Вандидодро Бобо Назар Ғаффор аз забони авастоӣ баргардон кардааст.
     «Авасто» маҷмўаи куҳантарин номаи динии маздопарастон аст, ки дар рўзгори бостон бисту як наск (китоб) дошта ва дар шакли кунунии худ шомили шаш бахш – «Гоҳон», «Йасна», «Йаштҳо», «Вандидо», «Виспарад» ва «Хурда Авасто» аст.
      Ошноӣ бо “Авасто” барои худшиносии миллӣ, аз байн бурдани ифротгароӣ, васеъ кардани ҷаҳоншиносӣ аҳамияти беназир дорад, зеро он аз нахустин осори фикрии башарият аст.
     Дар охири китоб тавзеҳот, тасвирҳо ва харитаҳо ҷой дода шудаанд.
     Китоб барои тамоми зиёиёни кишвар, хусусан мутахассисони таърихи фалсафа, этнография, этнология, диншиносӣ, табиатшиносӣ пешбинӣ шудааст.
     Ҷилди аввали китоб соли 2014 дар интишороти “Бухоро” дар ҳаҷми 784 рӯйи чоп омадааст.
Дарёфти Китоб: АВАСТО

Сафаргул Ҳусайнова  
Сармутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и
Китобхонаи миллии Тоҷикистон