Тарҷумаи тоҷикии “Тоҷикон”-и Александр Шишов аз чоп баромад
Маркази Тоҷикшиносӣ-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби Тоҷикон-и донишманди машҳури рус Александр Шишовро дар ҳаҷми 456 саҳифа аз чоп баровард. Асари мазкур бори аввал соли 1910 дар Тошканд ба чоп расида буд. Соли 2006 бошад, ин китоб бо эҳтимоми донишманди тоҷик Қодири Рустам дар шаҳри Олмотии Қазоқистон мунташир шуд. Дар асоси ҳамин нусха шоир ва тарҷумони тоҷик Ислом Юсуфӣ ин китобро ба тоҷикӣ тарҷума намуд. Ин асар зери назари доктори илмҳои филологӣ, профессор Сайфиддин Назарзода рўи чоп омадааст ва масъулияти таҳрири онро Алишери Муҳаммадӣ ба дўш дорад. Дар китоб асосан дар хусуси рўзгори фарҳангии тоҷикони кўҳистони Осиёи Миёна – Қаротегин, Вахё, Дарвоз, Шуғнон, Рўшон ва болооби Зарафшон – Мастчоҳ, Яғноб, Фалғар, Киштуд, Моғиён ва ғайра дар охирҳои садаи XIX ва оғози асри XX маълумот дода шудааст. Ҳамзамон тавассути ин асар хонанда метавонад доир ба фарҳанги ба худ хос ва урфу одати тоҷикони водиҳо (ҳамвориҳо), махсусан шаҳрҳо, ки қисми асосии аҳолии ин ҷойҳоро ташкил медоданд, маълумоти нодир пайдо намояд. Дар асар аз ҷумла урфу одат ва анъанаи мардуми Хуҷанд ва воситаҳои хоҷагидории тоҷикони ин шаҳр ва гирду атрофи он ва қисман тоҷикони шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ба тасвир гирифта шудааст. Дар бораи водии Ҳисор ва кўҳистону ҳамвориҳои минтақаи Кўлоб нисбатан камтар маълумот дода шудааст. Дар китоб дар бораи рўзгори тоҷикони қисматҳои шарқӣ ва шимолии Афғонистон низ сухан рафтааст. Вале дар бораи сокинони дигар манотиқи Афғонистон - Кобул, Ҳирот, Панҷшер, инчунин тоҷикони вилоятҳои Тошканд, Қашқадарё, водии Фарғона қариб маълумоте вуҷуд надорад. Дар наздиктарин фурсат шакли комил ва электронии “Тоҷикон”-и Шишов дар Сомонаи Китобхонаи миллӣ гузошта хоҳад шуд.