Аввалин чорабинии наврӯзии Китобхонаи миллии Тоҷикистон баъди зуҳри имрӯз дар толори Шуъбаи хизматрасонии махсус бо номи “Одоб ва русуми Наврӯз” бо ширкати ҷамъе аз донишмондон, наврӯшпажуҳишон ва мардумшиносон баргузор шуд. Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода, ки нишастро ҳусни оғоз бахшид, аз Наврӯз ба унвони куҳантарин ҷашнҳои олами башар ёд кард ва гуфт, ниёкони мо садсолаҳо онро бо шукуҳ ҷашн мегирифтанд. Сйфиддин Назарзода
Ин китобфурӯшӣ, ки тақрибан ҳамқадам ба бунёди Китобхонаи миллӣ ташкил шудааст, дар ошёнаи якум, аз самти рости даромадгоҳи асосӣ ҷойгир аст. Барои ба китобфурӯшӣ даромадан шарт нест, ки шумо вориди Китобхона шавед. Дари вурудӣ аз берун аст ва дар дилхоҳ соати маъмулии корӣ метавонед аз он дидан кунед. Дар ин мағоза китобҳо доир ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, забоншиносӣ, таъриху ҳуқуқ, адабиёти бадеӣ, тиб, илмҳои дақиқ, равобити байналмилалии
Рӯзи корӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз аз тоза кардани атрофи бино Китобхона оғоз шуд. Ҳадаф омодагӣ ба истиқболи баҳор аст, ки ҳамакнун ба диёри мо қадам мегузорад. Кормандон бехи дарахтонро нарм карданд, заминҳоро побел намуданд, аз гиёҳҳои хушкшуда тоза карданд ва ҷӯйборҳоро ҳам омодаи об ба ниҳолҳои навбар намуданд. Ин чанд акс аз ин талошҳост.
Субҳи имрӯз, 27 -уми феврал дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси илмии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон -Пешвои миллат ва нақши таърихии ў дар баланд бардоштани тамаддуни моддӣ ва маънавии миллат» доир гардид. Конфронс ба муносибати қабул гардидани қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» бо ташаббуси созмони ҷамъиятӣ ва байналмилалии фонди «Диалоги АвруОсиё» баргузор шуд.