Шинос шавед: Китобфурӯшии Китобхонаи миллӣ

Ин китобфурӯшӣ, ки тақрибан ҳамқадам ба бунёди Китобхонаи миллӣ ташкил шудааст, дар ошёнаи якум, аз самти рости даромадгоҳи асосӣ ҷойгир аст. Барои ба китобфурӯшӣ даромадан шарт нест, ки шумо вориди Китобхона шавед. Дари вурудӣ аз берун аст ва дар дилхоҳ соати маъмулии корӣ метавонед аз он дидан кунед. Дар ин мағоза китобҳо доир ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, забоншиносӣ, таъриху ҳуқуқ, адабиёти бадеӣ, тиб, илмҳои дақиқ, равобити байналмилалии Тоҷикистон ва ғайр метавонед китоб пайдо кунед. Ҳамзамон агар шумо луғат, фарҳангномаҳо, қомусҳо мехоҳед, пас метавонед онҳоро низ аз рафҳои китоби ин китобфурӯшӣ пайдо кунед. Касоне, ки мехоҳанд рӯзномаву маҷаллаҳои нав бихонанд, онҳоро аз ин китобфурӯшӣ пайдо мекунанд. Ин нашрияҳоро шумо метавонед бо чандин забон: тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, олмонӣ, арабӣ пайдо кунед. Ҳафтаи сипаришуда нашриётҳои давлатию хусусӣ ва муаллифон китобҳои гуногуни тозанашр барои фурўш ба мағоза як силсила китобҳои тозанашрро пешниҳод карданд. Кормандони фурушгоҳ талош мекунанд тозатарин китобҳоро пайдо ва дар рафҳои фурӯш гузоранд. Дар мағозаи фурўши китоб галерея низ мавҷуд аст. Дар он асарҳои рассомони кишвар дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла тасвирҳои хеле ҷолиб аз табиати пурафсуни кишвар, обҳои равон, бунёдгоҳҳои машҳур ба фурӯш гузошта шудаанд. Ин мусаввараҳо, ки дар сабкҳои гуногуни санъати рассомӣ офарида шудаанд, махсули тахайюли эҷодии рассомони шинохта З. Собиров, О. Исмоилов, Э. Олимов, З. Мирзоев, Д.Меҳтоҷов, Л. Қурбонова, Э. Суюнов, И. Сангов, З. Давлатшоева ва даҳҳо дигар рассомони тоҷик мебошанд. Дар галереяи китобхона маҳсули меҳнати гулдўзону заргарон ва кулолиёни тоҷик низ ба намоиш ва фурўш гузошта шудааст. Аз китобфурӯшии Китобхонаи миллӣ меҳмонони хориҷӣ низ пайваста дидан ба амал меоранд ва аз асарҳои рассомӣ ва гулдӯзиҳо, ҳамчунин китобҳои хуб армуғон мебаранд. Чунончӣ, ҳафтаи сипаришуда ҳайате аз ҷумлаи шаҳрвандони Чин ва Лаҳистон меҳмонони ин мағоза буданд. Ташриф биёред, дари он ҳамеша ба рӯйи муштариёни китоб боз аст.
Суратгир: Хусрави Милод