Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе», ки субҳи рӯзи 25 октябр, дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз шуда буд, идома дорад.
Дар расми ифтитоҳи он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президент Президент Пайрав Чоршанбезода ва муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов ширкат карданд.
Ибодулло Машраб дар сухани муқаддамотии худ баъди хайрамақдам гуфтани меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ гуфт: “Дар солҳои истиқлолият бо мусоидат ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғановати хазинаи китоби миллӣ аз ҳисоби нашри нодиртарин осори ғаронбаҳои классикони Форс-тоҷик, аз қабили “Шоҳнома”-и А. Фирдавсӣ, “Мунтахаби ғазалиёт”-и Камоли Хуҷандӣ, “Бӯстон”-у “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ, “Ашъори мунтахаб”-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, “Маснавии маънавӣ” ва “Девони кабир”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, “Пандномаи Анӯшервон”, “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ, “Панднома”, “Футувватнома” ва “Ҳикоёт аз маснавиҳо”-и Фаридуддини Аттор, “Кимиёи хирад”, “Гулбонги хирад” таъмин гардид”.
Ибодулло Машрабов ҳамчуни гуфт, ки иқдоми роҳандозии чорабинии мазкур идомадор аст ва он ҳар сол дар пойтахти кишвар доир хоҳад шуд.
Имсол дар намоишгоҳ ба ғайр аз нашриётҳои кишвар ноширон аз Русия, Қазоқистон, Туркия, Белорус, Ҳиндустон, Афғонистон, ИМА ширкат доранд.
Бо супориши Директори Китобхонаи миллӣ кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ва шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабинињои фарҳангӣ китобҳои тозанашри китобхонаро намоиш доданд.
Дар дохили бино дар саҳни Намоишгоҳ маҳфили адабӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Шоирон ва нависандагон аз ҷумла Нависандаи халқии Тоҷикисон Кароматулло Мирзоев ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, шоири шинохта, муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа бо хонандагон мулоқот карданд ва дар мавзӯи китоб суҳбат намуданд.