Умри Нарзулло Бектош басо кутоҳ будааст. Ҳамагӣ 38 сол зистааст. Вале дар ҳамин умри кутоҳ ҳам чанд асари мондагор таълиф кардаву гоҳе ба тарҷумонӣ ҳам машғул шудааст. Аз ҷумла, қиссаи машҳури Лев Толстой “Ҳоҷимурод” –ро бори аввал ӯ тарҷума кардааст.
Бектош тахаллуси олим аст ва насаби Ҳайдарист. Вай соли 1900, дар оилаи косиб дар деҳаи Боғи
Аз миёни шоирони мардумии замони Тоҷикистони сотсиалистӣ касе ба ҳадди Саидалӣ Вализода ва Юсуф Вафо миёни мардум маъруфият надоштанд. Шеърҳои равони иншошуда бо сабки халқӣ ба зудӣ аз бар мешуд. Ин буд, ки аксари ашъори онҳо аз даҳон ба даҳон мегузашт. Бахусус, шеъи “Ленин бародар раҳнамо”-и Вализода шуҳрати бештар дошт ва онро ҳатто ҳофизони маъруф ҳам месароиданд.
Саидалӣ Вализода шоир ва ҳофизи халқии тоҷик 10 октябри соли 1900 дар деҳаи Чуқураки ҳозира ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Артисти