Саду ҳабдаҳ соли Нарзулло Бектош

Умри  Нарзулло Бектош басо кутоҳ будааст. Ҳамагӣ 38 сол зистааст. Вале дар ҳамин умри кутоҳ ҳам чанд асари мондагор таълиф кардаву гоҳе ба тарҷумонӣ ҳам машғул шудааст. Аз ҷумла, қиссаи машҳури Лев Толстой “Ҳоҷимурод” –ро бори аввал ӯ тарҷума кардааст. 

Бектош тахаллуси олим аст ва насаби Ҳайдарист. Вай соли  1900, дар оилаи косиб дар деҳаи Боғи Майдони Самарқанд ба дунё омадааст. Бектош баъд аз Револютсияи Октябр омўзишгоҳи таълиму тарбияи Самарқанд ва Институти педагогии Бокуро хатм намуда (1922), дар Тошкенту Самарқанд ба корҳои адабӣ ва педагогӣ машғул мешавад. Соли 1930 ба Сталинобод омада дар Институти педагогӣ (ҳоло Донишгоҳи омўзгории ба номи С.Айнӣ) аз таъриху назарияи адабиёти тоҷик ва назмшиносӣ дарс медиҳад. Баъдтар ба сектори таърихи адабиёти Базаи тоҷикистонии АФ СССР сардорӣ менамояд.

Бектош дар асарҳои худ: «Дар атрофии мусиқии класикии тоҷик» (1932), «Хрестоматияи адабиёт»  (1932), «С. Айнӣ ва эҷодиёти ў» (1933), «Вазни манзумаи тоҷик» (1933), ва ғайра ба протсесси адабӣ ва эҷодиёти нависандагони муосир аз мавқеи сотсиологизми вулгарӣ ва формализм баҳо медод. Мақолаҳои Бектош, ки аз солҳои 20 сар карда дар саҳифаҳои рўзномаю маҷаллаҳои республикавӣ чоп шудаанд, аз таъсири ғояҳои пролеткулт озод нестанд.

  • Бектош «Ҳоҷимурод» ва «Поликушка»-и Л. Толстой, «Торумор»-и А. Фадеев ва чанде дигарон асарҳои  нависандагони рус ва китобҳои дарсиро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
  • Соли 1938 адабиётшиноси тоҷик дар Душанбе вафот кардааст.  
  • Бозчоп аз  “Энсиклопедияи советии тоҷик”. – Душанбе, 1978. – Ҷ. 1. – С. 408.
  • Аз Нарзулло Бектош ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метаовнед пайдо кунед:
  • Хрестоматияи адабиёт. – Сталинобод: НДТ, 1932. – 166 с.
  • Вазни манзумаи тоҷик. – Сталинобод: Н.Д.Т. Сектори адабиёти бадеӣ, 1936. –16 с.
  • Толстой, Л.Н. Ҳоҷимурод / Тарҷумаи Н.Бектош. – Сталинобод, 1936. –116 с.

Дар борааш

  • Назаралӣ, Ҳ. Дўст кӣ буду душман кӣ?: Ба мақолаи Д. Раҷабӣ «Осмони ҳамида», ки ба рўзгору омоли адибу олими тоҷик Нарзулло Бектош бахшида шудааст // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 4 октябр.
  • Набавӣ, А. Нарзуллои Бектош ва илму адаби тоҷик. – Душанбе: Ирфон, 2004. – 314 с.

Таҳияи Аниса Набиева,
корманди шуъбаи
библиографияи
миллӣ