Александр Дюма – яке машҳуртарин адибони моҷаронавис ва муаллифи беҳтарин романҳои таърихӣ

Адабиёти ҷаҳон ду нависандаи маъруфро бо номи ДЮМА мешиносад. Ва ҳарду ҳам Александранд, ҳарду узви як хонадонанд – падар ва писар. Ҳарду адибони муваффақанд. Аз ин рӯ чун дар бораи Александр Дюма хоҳанд матлабе нависанд, ҳатман дар қавс ишора мекунанд, ки ин кадом Дюма аст: падар ё писар. Ва суҳбати мо аз Александр Дюмаи падар аст.

Александр (Дюма – падар; номи комилаш – маркиз Александр Дюма Дави де Ла Пайетри, 24.7. 1802, Виллер –Котре, музофоти Эн – 5. 12.1870, Пюи, музофоти Сенаи Поин), нависанда, шоир, драманавис ва рўзноманигори фаронсавӣ. Корманди идораи нотариалӣ ва сипас котиби дабирхонаи ҳерсог Орлеан (шоҳи ояндаи Фаронса Луи Филипп) буд.

Фаъолияти адабияшро аз намоишноманависӣ шурўъ намуд (водивели «Шикор ва муҳаббат», 1825). Рўи саҳна омадани намоишномаи «Ҳенрихи III ва дарбори ў» (1829, яке аз нахустин драммаҳои романтики фаронсавӣ) барояш комёбӣ овард. Баъди он ки песаи Дюма – «Наполеон Бонапарт ё Сӣ соли таърихи Фаронса» (1831) ба Луи Филипп писанд наомад, дар мактуби саркушоде аз Луи Филипп хост, то ўро аз ходими кохи Орлеан озод намояд.

Намоишномаҳои маъруфи Дюма:  - «Антони» (1831), «Бурҷи Нейл» (1832), «Эдмонд Кин» (836). Драмматургияи ў падидае дар таърихи театри романтикӣ ба шумор меравад. Соли 1835 нахустин романи таърихии Дюма «Изабелла аз Бавария» нашр шуд.

Нахустин очерки таърихию публитсистияш «Галлия ва Фаронса» (1933) аст. Дюма ҳамчун намояндаи романтизм ба офаридани силсилаи бузурги осори насрӣ шурўъ намуд (маҷмўаи осораш дар айёми зиндагияш 301 ҷилд буд, аммо Дюма дар номааш ба Наполеони III онро наздик ба 1200 ҷилд гуфтааст). Дар ин самт бо ҳамкоронаш (О. Макс, П. Мерис, П. Лакруа, М. Малфил ва дигарон) «корхонаи достонсозӣ» -ро ба гардиш овард, ки таълифоташро бознигарӣ мекарданд.

Осори аз ҳама машҳури Дюма романи таърихию моҷароии «Се мушкетдор» (1844; бо ҳаммуаллифи О.Маке) мебошад, ки якҷо романҳои «Пас аз бист сол» (1845) ва «Виконт де Бражелон, ё Пас аз даҳ сол» (1845–50) бо қаҳрамонони ягона (Атос, Портос, Арамис  ва д Артанян) асари сегона шумурда мешавад. Дюма дар эҷод тарзи роман – фелетонро пеша кард, ки диққати ўро  на тасвири ҳодисаҳои таърихӣ, балки шахсиятҳое, ки дар даврони мухталифи таърихӣ тағйир намеёбанд, ҷалб мекарданд.

Дюма муаллифи романҳои моҷароии «Малика Марго» (1845), «Чиҳилу панҷ» (1847-48), «Асканио» (1845), «Гарданбанди малика» (1849),  «Лолаи сиёҳ» (1850) ва ғайра аст. Дар романи «Граф Монте – Кристо» (1845-46, ҳаммуаллифии О.Маке) устураи роҳзани накукорро бо ангезаҳои афсонавӣ ва шикастнопазирии қаҳрамонони романҳои ритсарӣ пайванд дод.

Ба ғайр аз роману песа ў ёддоштҳои 22- ҷилдӣ (1852-54) ва сафарнома навиштааст. Алоқамандӣ ва таасуроти сафараш ба Русияро дар асари «Аз Порис ба Астрахан» (панҷ ҷилд, 1858) изҳор намудааст.

Дюма дар жанрҳои гуногуни адабӣ асар офаридааст. Моҷароҳои романтики Дюма бештар саргармкунандаанд. Дар асарҳои ў дар бисёр мавридҳо ҳодисаҳои муҳими  таърихӣ ба ангезаҳои шахсӣ табдил меёбанд. Романҳои беҳтарини Дюма бо ҷаззобият, рушди амали сареъ, зиндадилӣ ва нигоҳи нек ба зиндагӣ шуҳрат доранд; қаҳрамонони ў бо неруи саршору ҷасорат, бо ибтикори амалу хушиқболӣ ҳар гуна монеаву тавтеаро пирўзмандона паси сар мекунанд. Ин вижагиҳо осори Дюмаро ба таври истисноӣ маъруф кардааст. К. Маркс, Л.Толстой, Д. Менделеев ба маҳорати ў баҳои баланд додаанд.

Осори Дюма ба сад забони дунё тарҷума шудааст ва дар асоси китобҳояш беш аз 200 филм таҳия сохтаанд. Аз ҷумла романҳои; «Се мушкетдор» (1984) ва «Граф Монте – Кристо». Китоби якум. (2014; тарҷумаи Ҷ. Азизқулов) ва «Лолаи сиёҳ» (2012, тарҷумон Ҳ. Имодӣ) бо забони тоҷикӣ нашр шудаанд.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Александр Дюм а ин асарҳо қобили дарёфтанд:

Собрание сочинений в двенадцати томах: Роман «Изобелла Баварская». – Москва: Художественная литература, 1980. – 560 с.

Графиня де Монсоро: Роман. – Москва:  Художественная литература, 1980. – 862 с.

Сорок пять: Роман. – Москва: Детская литература, 1980. – 560 с.

Асканио: Роман. – Москва: Правда, 1982. – 464 с.

Се мушкетдор: Барои бачаҳои синни миёна ва калони мактабӣ. –             Душанбе, Маориф, 1984. – 664 с.

Две Дианы: Роман. – Грозный: Книга, 1990. – 512 с.

Луиза Сан – Феличе: Москва, 1992. – 288 с.

Жосеф Бальзамо: Роман в 2-х томах. – Петрозаводск, 1992. – 591 с.

Чёрный тюлпан: Роман. – Москва: АСТ, 2011. – 315 с.

История  знаминитых преступлений. – Москва: Астрель, 2012. – 640 с.                

Муаллиф: Б. Шафеъ

Таҳияи Марзия Зардодхонова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.