Activities calendar

16 сентября 2020

Шаш нафар кормандони Китобхонаи миллӣ ба унвони Аълочии фарҳанг мушарраф шуданд

Бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаш нафар аз ҷумлаи кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон сазовори унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Унвони фахрӣ дар ҷаласаи кормандон аз ҷониби намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шуд.

Инҳо:

1.Файзализода Ҷумахон Хол - Директори 

Китобхонаҳо дар давраи бемории Сovid-19

Аз хуруҷи бемории сироятии COVID-19 дар ҷаҳон, се семоҳа мегузарад. Дар ин муддат зиндагии башарият ба тағйироти зиёде рӯ ба рӯ гардид. Шак нест, ки ин вирус ба тамоми шохаҳои муносибот ва фаъолияти одамӣ таъсир расонид аз ҷумла, дар муносибатҳои шахсию иҷтимоӣ. Дар ин давраи вирусӣ бахшҳои илму фарҳанг низ ба таври иҷборӣ ба таътил рафтанд ва кишварҳои олам саъй мекунанд, ки аз ҳузури физикӣ дар китобхонаҳо низ худдорӣ

 

Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Мирзоазим Сомии Бўстонӣ (Аз тумани Бухоро, вафот—1325 ҳиҷрӣ)

(Аз тазкираи Афзал)

Дам ғанимат дон, зи чархи бемадор андеша кун,

Магзарон имрўз, аз анҷоми кор андеша кун!

Дидаҳои дом орад бар замин мурғ аз ҳаво,

Чашми худ бикшо, зи чашми интизор андеша кун!

Ҳеҷ медонӣ, ки сомони ту ранги рафта аст,

Эътиборе гир, эй беэътибор, андеша кун!

Чун шукуфтӣ, баргрезиҳои гулшан ёд ор,

Луи Дюбуа – мутарҷими фаронсавии “Таърихи Табарӣ”

Дюбуа  (Dubeux)  Луи 2 ноябри соли 1798 дар Лиссабон ба дунё омадааст. Эроншиноси фаронсавӣ, Падараш то соли 1808 дар консулгарии Фаронса дар Португалия кор мекард ва ҳамин сол ба Порис баргашт. Фаъолияти ҳирфаии Дюбуа аз китобфурўшӣ дар корхонаи ношири машҳури Порис де Буре оғоз ёфтааст. Баъдан соли 1816 корманди (ёвари нигоҳдори нусхаҳои хаттӣ) Китобхонаи миллӣ (салтанатӣ)-и Порис шуд. Дар ин