Бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаш нафар аз ҷумлаи кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон сазовори унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Унвони фахрӣ дар ҷаласаи кормандон аз ҷониби намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шуд.
Инҳо:
1.Файзализода Ҷумахон Хол - Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон;
2. Бобоев Сайфиддин - сармутахассиси маркази Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ;
3. Умарова Барно - муовини шуъбаи коркарди адабиёт;
4. Ҳалимова Гулчеҳра - муовини маркази такмили ихтисос;
5. Қурбонова Нигина - мутахассиси пешбари шуъбаи Абонименти байни китобхонаҳо;
6. Абдуллоева Майсара - сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён.
Ҳамкоронамонро ба муносибати дарёфти ин унвони олӣ самимона муборакбод мегӯем.
Фарзона Мирзозода