Духтари Ғазолӣ шоири форс - тоҷик. Ба қавле духтари мутафаккири бузург Муҳаммад Ғазолии Тўсӣ. Дар тазкираи «Ҷавоҳиру-л-аҷоиб» ў ҳамчун зани боҳусн ва оростасират ёд шудааст. Навиштаанд, ки табъи пуршўре доштааст.
Намунаҳое аз ашъори ў:
Кўҳкан беҳуда шўре дар ҷаҳон афкандааст,
Канда санге чанду пиндорад, ки кўҳе кандааст.
Дар фонди тиллоии шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир девони Камоли Хуҷандӣ нигоҳдорӣ мешавад. Нусхаи хаттии «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ аз 274 саҳифа иборат буда, таҳти рақами 728 дар махзан нигоҳдорӣ мешавад. Нусхаи дигари девони Камоли Хуҷанлӣ аз ҷониби хаттоти зарринқалам Муҳаммадамини Ҳаким валади Баён Муҳаммад соли 1311 ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1912 китобат шудааст. Девони ғазалиёти шоир бо хаттӣ настаълиқи хоно дар ду сутун бо зарҳал навишта шуда, дар