Духтари Ғазолӣ кӣ буд?

Духтари Ғазолӣ шоири форс - тоҷик. Ба қавле духтари мутафаккири бузург Муҳаммад Ғазолии Тўсӣ. Дар тазкираи «Ҷавоҳиру-л-аҷоиб» ў ҳамчун зани боҳусн ва оростасират ёд шудааст. Навиштаанд, ки табъи пуршўре доштааст.

Намунаҳое аз ашъори ў:

Кўҳкан беҳуда шўре дар ҷаҳон афкандааст,

Канда санге чанду пиндорад, ки кўҳе кандааст.

***

Дам ба дам ҳамчу сабо гирди сароят гардам,

То бувад оиву хоки кафи поят гардам.

***

Пур шуд аз хуни ҷигар дидаи ғамнок маро,

Сохт расвои ҷаҳон синаи садчок маро.

Бозчоп аз «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик». – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. –С. 264.

Муаллиф:  У. Назир.

Таҳияи Фирӯза Восиева

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.