Хусрави сармаст андар соғари маънӣ бирехт...Аз даргузашти Амир Хусрави Деҳлавӣ 692 сол сипарӣ мешавад
Сухан аз Амир Хусрави Деҳлавист, ки 27-уми сентябри соли равон ба вафоташ 692 сол мешавад. Амир Хусрав яке дигар аз суханварони форсигӯи ҳавзаи адабии Ҳинд аст.
Ва матлабро аз ин ғазали зебо оғоз кунем. Ғазале, ки як замон дар Тоҷикистон ҳам гуруҳҳои гуногуни Шашмақом месуруданд. Ва чӣ навои дилангезе дошт оҳанги ин ғазал:
Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ,
Ҳарчанд васфат мекунам, дар ҳусн аз он болотарӣ.
Ҳаргиз наёяд дар назар нақше зи рӯят хубтар,
Шамсӣ надонам ё қамар, ҳурӣ надонам ё парӣ?
Офоқро гардидаам, меҳри бутон варзидаам,
Бисёр хубон дидаам, аммо ту чизи дигарӣ.
Олам ҳама яғмои ту, халқе ҳама шайдои ту,
Он наргиси шаҳлои ту оварда расми кофарӣ.
Эй роҳату ороми ҷон, бо қадди чун сарви равон,
З-ин сон марав доманкашон, к-ороми ҷонам мебарӣ.
Азми тамошо кардаӣ, оҳанги саҳро кардаӣ,
Ҷону дили мо бурдаӣ, ин аст расми дилбарӣ?
Хусрав ғариб асту гадо, афтода дар шаҳри шумо,
Бошад, ки аз баҳри Худо сӯи ғарибон бингарӣ.
Амир Хусрави Деҳлавӣ соли 1253 дар шаҳри Патёлии соҳили дарёи Ганг ба дунё омадаст. Шоир ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон мебошад. Падари ў Сайфуддин Маҳмуд бо оилааш дар арафаи истилои муғул аз шаҳри Кеш (ҳозира Шаҳрисабз) ба Ҳиндустон фирор кард.
Хусрав дар 20 - солагӣ таҳсили илмҳои расмии замонашро ба поён расонда, дар дарбори ҳокимони Банголаю Деҳлӣ дар вазифаҳои гуногун хизмат кардааст. Вай аз 7-8 солагӣ ба шеъргўи пардохта, дар 12 - солагӣ шеърҳои пӯхта гуфтааст. Дар шеърҳои аввалинаш «Султонӣ» тахаллус доштааст.
Зиндагии Хусрави Деҳлавӣ дар яке аз давраҳои хеле ноором ва пур аз кашмакашиҳои сиёсии Ҳиндустон гузаштааст. Ў шоҳиди бевоситаи бисёре аз ин ҳодисаҳо буда, қисми зиёди онҳоро дар осори худ иникос кардааст. Шоир 52 - соли ҳаёташро дар муҳити адабии дарбор ва хизмати ҳокимону султонҳо гузаронида, қабоҳати ҳаёти феодалӣ ва дасисакориҳои дарбориёнро бо чашми худ дидааст.
Хусрави Деҳлавӣ бо вуҷуди номусоидии рўзгор ва гирифториҳои муҳити дарбор аз худ осори гаронбаҳои манзуму мансури зиёде боқи гузоштааст. Муаллифони сарчашмаҳои адабӣ нависандаи ниҳоят сермаҳсул ва соҳиби таълифоти бисъёр будани ўро таъкид намуда, мероси бадеиашро ба «баҳри беканора» монанд кардаанд. Хусрави Деҳлавӣ қариб дар тамоми навъҳои маъмули шеъри классикӣ, аз қабили ғазал, қасида, рубой, қитъа, тарҷеъбанд, таркиббанд, маснавӣ ва ғайра асарҳо манзуму хурду калони зиёде офарида, доир ба масъалаҳои таърих, тасаввуф, назарияи назму наср, сабки адабию санъатҳои бадеӣ, инчунин дар фанни мусиқӣ як қатор китобу рисолаҳои пурқимати илмӣ таълиф намудааст.
Хусрави Деҳлавӣ баъзе шеъру таълифоти худро ба забонҳои урду ва арабӣ эҷод кардааст ва муҳаққиқони ҳинду ўро асосгузори назми урдузабон мешуморанд.
Хусрави Деҳлавӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик нахустин шоирест, ки панҷ девони ашъор тартиб дода, ба ҳар кадоми онҳо шеърҳои дар давраҳои гуногун эҷодкардаашро дохил карда, ба онҳо мувофиқи давраҳои ҳаёташ номи махсус гузоштааст. Ҷомӣ, Навоӣ, Мушфиқӣ ва дигар шоирон ин анъанаро давом дода, 3, 4 ё 5 девони ашъор тартиб додаанд.
Девони якуми Хусрави Деҳлавӣ «Туҳфат-ус-сиғар» соли (1273) ашъори дар сини 16-19-солагӣ навиштаи шоирро дар бар мегирад. Ин девон аз қасоид, тарҷеот, қитъаот, ғазалиёт, рубоиёт ва маснавии хурде иборат буда, 3000 байтро ташкил медиҳад.
Девони дуюм «Васат-ул-ҳаёт» соли (1285) 4401 байт дошта, шеърҳои дар 20-34-солагӣ эҷодшудаи ўро фаро ггирифтааст.
Девони сеюм «Ғуррат-ул-камол» соли (1297) 8800 байт шеъри аз 34 то 43-солагӣ навиштаи шоирро дар бар мегирад. Аксари қасидаҳои калони фалсафию ирфонии Хусрави Деҳлавӣ дар ин девон ҷой гирифтаанд.
Дар девони чаҳорум «Бақияи нақия» соли (1318) 8360 байт ашъори дар давраи 43-65-солагӣ сурудаи ў ҷамъ оварда шудааст.
Девони панҷум «Ниҳоят-ул-камол» соли (1325) дар ҳаҷми 4084 байт муратаб шуда, ашъори баъди соли 1318 навиштаи шоирро дар бар мегирад.
Хусрави Деҳлавӣ инчунин мусиқишиносу оҳангсози маъруф буда, оид ба назарияи мусиқӣ се рисола таълиф намуда, дар асоси омезиши оҳангҳои мусиқии ҳиндӣ бо мусиқии Осиёи Миёна ва Афғонистону Эрон як силсила савту оҳангҳои дилнишин офаридааст. Ихтирои оҳангҳои мусиқии «Муҷир», «Созгорӣ», «Ушшоқ», «Мувофиқ», «Ғозон», «Фарғона», «Зилоф», «Хаёл», «Нигор», «Басит», «Шоҳона», инчунин асбобҳои мусиқӣ: дилрубо, сарангӣ ва сато (сетор) ба ў нисбат дода мешавад.
Амир Хусрави Деҳлавӣ 27 сентябри соли 1325 аз олам чашм пушид.
Оромгоҳи Амир Хусрави Деҳлавӣ
Дар Китобхонаи миллӣ аз Амир Хусрави Деҳлавӣ чандин дастхатҳо ҳифз мешаванд, аз ҷумла донтони адиби номвар “Дувалронӣ ва Хизирхон”, ки дар бораи он аз ин ҷо метаовнед ин матлабро бихонед:
Даҳгонаи қадимтарин китоб: “Дувалронӣ ва Хизрхон»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ
Ва боз ин китобҳо ва моқолаҳоро низ аз бойгонии Китобхонаи миллӣ пайдо кардан мумкин аст:
- Деҳлавӣ, А. Х. Ғазалиёт/ Амир Хусрави Деҳлавӣ . – Душанбе: Адаб, 2014. – 480 саҳ.
- Амир, Х. Д. Расоил ул эъҷоз / Амир Хусрави Деҳлавӣ . – Душанбе: Дониш, 2013. – 470 саҳ.
- Амир, Х. Д. Андарзу ҳикматҳо / Амир Хусрави Деҳлавӣ . – Душанбе: Дониш, 1975. – 87саҳ.Амир, Х. Д. Андарзу ҳикматҳо
- Амир Хусрави Деҳлавӣ . – Душанбе: Дониш, 1975. – 196 саҳ.
- Амир, Х. Д. Аз девонҳо /Амир Хусрави Деҳлавӣ . – Душанбе: Ирфон, 1975. – 896 саҳ.
- Амир, Х. Д. Осори мунтахаб / Амир Хусрави Деҳлавӣ . – Душанбе: Ирфон, 1973. – 389 саҳ.
- Амир, Х. Д. Осори мунтахаб / Амир Хусрави Деҳлавӣ . – Душанбе: Ирфон, 1973. – 389 саҳ.
- Амир, Х. Д. Осори мунтахаб / Амир Хусрави Деҳлавӣ . – Душанбе: Ирфон, 1972. – 443 саҳ.
- Амир, Х. Д. Осори мунтахаб / Амир Хусрави Деҳлавӣ ҷилди дуюм . – Душанбе: Ирфон, 1972. – 442 саҳ.
- Амир, Х. Д. Осори мунтахаб / Амир Хусрави Деҳлавӣ.– Душанбе: Ирфон, 1971. – 489 саҳ.
- Амир, Х. Д. Ширин ва Хусрав, Маҷнун ва Лайлӣ: Порчаҳо аз матлаъ-ул Анвар / Амир Хусрави Деҳлавӣ. – Душанбе: Ирфон, 1971. – 489 саҳ.
Дар бараи Амир Хусрав
- Мусулмонқулов, Р. Нақши ҷовид:Тафсири образи бадеии Борбад дар достонҳои Фирдавсӣ, Низомӣ ва Амир Хусрав// Садои Шарқ . – 1989 . – №1 . – С. 111 – 123.
- Дар васфи Амир Хусрав: Гуфтаниҳои З. Баранӣ, Д. Самарқандӣ, А. Ҷоми, Авҳадӣ, Р.Ҳидоянг, Б. Ҳилолӣ// Хорпуштак . – 1975. – №21. – С.4.
- Бақоев, М. Навоӣ ва Хусравӣ Деҳлавӣ// Садои Шарқ. – 1966 . –№12. – С.134 – 140.
- Навоӣ, А. Дар ҷавоби ғазалҳои Хусравӣ Деҳлавӣ : Аз ашъори форсӣ –тоҷикӣ// Садои Шарқ . – 1966 . – №8 . – С.117 – 120.
- Бақоев, М. Амир Хусрави Деҳлавӣ// Ҳақиқати Ўзбекистон . – 1968 . – 16 апрел.
- Муҳаммадиев, М. Хусрав ва хулосаи ашъори ў: Ба муносибати 700 – солагии рўзи таваллуди Амир Хусрави Деҳлавӣ//Ҳаёти нав . – 1972 . – 11 апрел.
- Кенҷа, С. Эй хуш он вақт: Мухаммас бар ғазали Хусравӣ Деҳлавӣ// Ҳақиқати Ўзбекистон . – 1973 . – 11 январ.
Таҳияи Зафар Ғолибов
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ