Рӯ ба илм. Зағоза – рустании дорувор

Зағоза (Ephedra equisetum), зағоса, бандак, бирешимхома, буғумбутта, вандак, тапа, буттаест сершоху навда. То 1,5 – 3 м (баъзан 8 м) қад мекашад; ғафсии пояаш то 20 см. Зағоза рустании дуҷинса буда, дар як буттаи он фақат хўшачаҳои нарина, дар буттаҳои дигар танҳо хўшачаҳои модина месабзанд.

Баргаш пулакчамонанд, бехлорофилл (вазифаи ассимилятсияро шохчаҳои сабз иҷро мекунанд). Гулаш майда, беранг, моҳҳои май - июн мешукуфад.

Зағоза баъди ҳар 2-4 сол ҳосили фаровон медиҳад. Мевааш сурхи норанҷӣ, яктухма, ширинак; моҳҳои июл - август пухта, то сентябр дар шохаҳо мемонад. Тухмаш барҷастаи кулўла, қаҳваранг (вазни 1000 донааш 6,5 – 8 г). Зағоза рустании хосси кўҳистон буда, дар Муғулистон, Хитой, Тиёншони Шарқӣ, қисматҳои аврупоии Русия, Сибири Ғарбӣ, Қафқоз вомехўрад.

Дар Тоҷикистон дар ҷойҳои сершағалу санглох ва шахсори қаторкўҳҳои Курама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз (дар баландии 1500 – 3000 м аз с. б.) мерўяд. Хосса дар кўҳистони Зарафшону Бадахшон бисёр аст. Маъмулан дар 1 га то 1500 – 2000 бехи он дучор меояд.

Зағоза рустании доруист. Бо мақсади табобат шохчаҳои яксолаи сабзи онро моҳҳои апрел – май ва июл – сентябр ғундошта, дар ҳавои кушод хушк мекунанд. Зағоза давои тарбод, вараҷа иллати меъдаву ҷигар аст. Табибони мардумӣ бо ҷўшобаи шохчаҳои тарқи он хоришак ва зукомро муолиҷа менамоянд, хокистарашро ба ҷароҳат мепошанд, аз мевааш мураббо пухта, чун давои табшикан истеъмол мекунанд. Дар таркиби зағоза алкалоидҳо мавҷуданд.

Сохтори кимиёии алкалоиди эфедрини зағоза бо хормони адреналин шабоҳат дорад. Аз зағоза доруҳои «Эфедрин гидрохлорид» ва «Дефедрин» истеҳсол карда мешаванд, ки давои зиққи нафас, саглес, фишорпастӣ ва ринит мебошанд.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 597.

Муаллиф:  М. Ҳоҷиматов

Таҳияи Фируза Восиева