Саҳифаҳои таърих: Довудиён
Довудиён, Бойинҷўриён, сулолаи маҳаллии ҳукмрон дар Хуталон ва Балх (асрҳои 9–10). Дар маъхазҳои таърихӣ аз асосгузорони сулолаи Довудиён бо номи Бек ва Бойинҷур ёд мешавад, ки аввалӣ галаҳои зиёди асп дошт. Қароргоҳи Бек ва ворисонаш – Асаду Ҳорис дар Рустои Бек (ҳоло шаҳри Рустоқи Афғонистон) буд. Дар аҳди ҳукумати Бек ҳудуди Хуталон аз Дилӣ то Рустои Беку гузаргоҳи Бадахшон тўл мекашид. Доираи мулкҳои Бойинҷур аз Нуҷоро то водии Вахш ва Андигону Вашгирдро дар бар мегирифт. Сипас ворисони Беку Бойинҷўр тавассути хидмат дар ҳайати сипоҳи Тоҳириён ва нишон додани садоқату қаҳрамонӣ, ҳангоми саркўб кардани исёнҳои зидди Хилофати Бағдод, ба сарварии баъзе аз мулкҳои Хуросону Мовароуннаҳр таъйин гардиданд, ки яке аз онҳо волии Мовароуннаҳр – Довуд ибни Бойинҷўр буд.
Бародарзодаи Довуд ибни Бойинҷўр – Ҳорис ибни Асад (набераи Бек) яке аз сарфармондеҳони сипоҳи Абдуллоҳ ибни Тоҳир буд, ки баъди пахши исёни ғуломон дар Бағдоду Сомаро (865 – 66) дар Хуталон ба ҳукумат расид.
Сиккаҳои Ҳорис ибни Асад дар Хуталон (солҳои барориш 904/5 – 908/9) бо навиштаҷоти «ал- Ҳорис» зарб ёфтаанд. Намояндаи дигари сулолаи Довудиён Ҳошим ибни Бойинҷўр дар Вахш ва мулкҳои атрофи ў ҳукумат дошт. Ба қавли Балозўрӣ, дар аҳди ҳукумати Ҳошим ибни Бойинҷўр Ҳайдар – писари дуввуми Ковус (ҳокими Усурушана) баъди куштани яке аз вазирон ба Хуталон паноҳ оварда (такрибан солҳои 821 – 823), аз ў ҳоҳиш намуд, ки аз падараш афви гуноҳашро талаб намояд. Сипас Ҳошим ибни Бойинҷўр ва бародараш – Довуд ибни Бойинҷўр ҳамроҳи халифа Маъмун ва лашкари Тоҳир ибни Ҳусайн ба Бағдод рафта, ба корҳои низомӣ ҷалб гардидаанд. Ҳошим ибни Бойинҷўр дар аҳди хилофати Муътасим (833 – 842) сарфармондеҳи як гурўҳи сипоҳиёни мовароуннаҳрӣ таъйин гардид. Ў дар набарди зидди муҳаммираҳо (гурўҳе аз хуррамдинон дар Ҷиболу Ҳулвон) шикаст хўрда, соли 857 дар Сомарои Ироқ вафот кард. Табарӣ аз писари дигари Довуд ибни Бойинҷўр бо номи Ҳотам ибни Довуд ёд мекунад, ки бо амри халифа Муътаз Биллоҳ (хилофат 866 – 69) барои саркўб намудани исёни Музоҳим ибни Ҳоқон (865) равона шуда буд. Яъқубӣ шаҳри Юзро (дар Қубодиён) ба Ҳотам ибни Довуд мансуб донистааст.
Намояндаи дигари хонадони Довудиён Аббос ибни Ҳошим ҳангоми лашкаркашии Абдуллоҳ ибни Тоҳир ба Миср вориди сиёсат шуда, баъди ишғоли шаҳри Фустот (827) волии Саъид (ҳавзаи болои Миср) ва соли 834 волии Балх таъйин гардид (834). Баъди фавти Аббос ибни Ҳошим (847/48) писараш – Довуд ибни Аббос волии Балх гардид.
Пас аз таназзули давлати Тоҳириён намояндаи дигари сулолаи Довудиён Абудовуд кўшиш намуд, ки дар муқобили ҳуҷуми Саффориён (874/75, 879/80) истодагарӣ карда, нуфузашро дар минтақа ҳифз намояд. Абудовуд баъд аз вафоти Яъқуб ибни Лайс гоҳе ба Амр ибни Лайс ва гоҳе ба Исмоили Сомонӣ тобеъ буд. Баъди Абудовуд писараш Аҳмад дар Балх ҳукумат дошт, ки бо номи ў сиккаҳои зиёд дар Андароб, Балх, Бомиён ва Тирмиз (бароришашон солҳои 888 – 294) зарб ёфтаанд.
Дар аҳди ҳукумати Довудиён иқтисодиёти Балх рушд карда, хироҷи солонаи он 193 ҳазору 300 дирҳам буд. Маҷмўаи биноҳои бунёдкардаи Довудиён дар Балх бо номи «Навшод» машҳур буд, ки дар натиҷаи ҳуҷуми Саффориён хароб гардиданд. Довудиён дар аҳди Сомониён ба ҳукумати худ дар Хуталон идома доданд. Дар таҳқиқоти илмӣ то ба ҳол номи се нафари онҳо Абуҷаъфар ибни Аҳмад, Ҷаъфар ибни Абуҷаъфар ва Аҳмад ибни Ҷаъфар маълум аст. Сиккаҳои зарбзадашуда ба номи Абуҷаъфар ибни Аҳмад дар Хуталон (барориш 923- 926) ёфт шудаанд. Пас аз Абуҷаъфар писараш Ҷаъфар водии Хуталон гардида, тақрибан соли 930 ба сабаби анҷом додани баъзе корҳои ношоиста аз ҷониби амир Наср ибни Аҳмад дар Бухоро ҳабс шуд. Ҷаъфар ҳангоми хурўҷи исёни Абузакариёи Яҳё (бародари Наср ибни Аҳмад) аз ҳабс озод шуда, бо дастури ў барои ҷамъоварии сипоҳ ба Хуталон рафт. Ў пас аз ноком шудани Абузакариёи Яҳё ба Наср ибни Аҳмад тобеъ гардид. Аҳмад ибни Ҷаъфар низ дар давраи шиддати муборизаи байни Сомониён ва қувваҳои марказгурез аз амир Нўҳ пушт гардонида, тақрибан соли 947/48 сарлашкари худ Баҷкамро барои ёрии Абуалии Чағониёнӣ фиристод. Бо вуҷуди ин мухолифатҳо Довудиён зери сояи қудрат ва давлати Сомониён ҳукмронӣ карда, пас аз ташкил ёфтани давлати Карохониён ва Ғазнавиён номи онҳо дар таърихи Хуталон ёд намешавад.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик». – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. –С. 44.
Муаллиф: С. Ҳусайнов
Таҳияи Фируза Восиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.