Кормандони илмию хизматрасонии Шўъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир қариб 80 сол мешавад, ки фаолияти ҳарҷонибаи кори хешро аз ҷамоварию ҳифз ва омўзиши осори хаттию чопи сангии ниёгонамон ва муосири имрўза аз байни мардуми шаҳру ноҳияҳои мухталифи Осиёи марказӣ ва берун ва берун аз он идома медиҳанд. Хурсандиовар аст, ки имрўз дар фонди тиллоии ин китобхонаи бузург, инчунин аввалин матбуоти даврии тоҷикӣ дарёфт шуда маҳфузанд. Дар байни онҳо чунин маҷаллаҳои солҳои 1920-1930, аз ҷумла «Ойина», «Шўълаи инқилоб», «Раҳбари дониш», «Дониш-биниш», «Машраб»,
Довудӣ (Dendranthema; аз юнони Dendron - дарахт ва anthemus- гул), ҷинси гулҳои маъруф. Тибқи таснифоти биологӣ мансуб ба оилаи мураккабгулҳост. Довудӣ бўи хосса дорад. Пояаш рост, сершоха, то 1,5 м қад мекашад. Баргаш сабзи сиёҳтоб, чокҳои амиқ дорад (баъзан бечок аст). Гулаш забоншакли зард, сафед, гулобӣ; гултўдааш (дар як поя то 20 адад) сабадак буда, дар нўги шохчаҳо ҷойгир аст. Довудӣ рустании рўшноидўст буда, аз қаламча афзоиш меёбад. Вобаста ба муҳити
Зиё Қоризода аз шоирони маъруфи Афғонистон маҳсуб шуда, соли 1922 дар Кобул таваллуд ёфтааст. Падари шоир, ки марди босаводу бофарҳанг буд, барои таълими фарзанди худ тамоми шароитҳои мавҷударо фароҳам меоварад, то ки ў шахси ҳунарманду босавод ба воя расад. Бар замми ин падар мекўшад, ки Зиё баробари омўхтани илмҳои замонааш ба аз худ кардани шеър ва навохтани асбобҳои мусиқӣ низ балад гардид. Зиё Қоризода мактаби «Наҷот»-ро бо баҳои хубу аъло ба