Activities calendar

19 августа 2020

Аз “Намунаи адабиёти тоҷик” Қорӣ Масеҳо Тамҳиди Самарқандӣ

Ибни Муҳаммадсолеҳи ибни Муҳаммадзиё Ҳайрат ибни Муҳаммадзамон ибни Муҳаммадризои Фалғарии Похутист (таваллуд 1310 ҳиҷри). Падару аҷдоди Тамҳид  ҳама шоиру аҳли  адаб, фалғариюласл ва тоҷики  сирфанд.

Ғазал

(Аз рўзномаи «Овози тоҷик», шумораи 10 ) 

То боз намудем чу гулғунча даҳонро, 

Муаррифии китоб: Эмомалӣ Раҳмон. “Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор”

Дар  таърихи  башар  динҳои зиёде  ба вуҷуд омада, баъзе  мондагор  шудаанд  ва  баъзеи  дигар аз  байн  рафтаанд. Дини  ислом  дар  таърихи тамаддуни  башар ҷойгоҳи  хос  ва  хеле  баланду барҷаста дорад. Ҳанўз аз  таърихи пайдоиши он як аср  сипарӣ нашуда буд, ки дар олами ислом эҳёи  бесобиқаи илмӣ на танҳо дар шаҳрҳои марказии  хилофат, балки  дар музофотҳои  дурдасти  он ба вуқуъ пайваст. Бе ҳеҷ муҳобот гуфтан  мумкин аст, ки эҳёи  фарҳангӣ (чи юнонӣ чи ғайри он) қабл аз Аврупо дар олами ислом ба вуқўъ пайваст. Ин мусулмонон будаанд, ки осори илмию фалсафии юнониро ба забони арабӣ  тарҷума намуда, барои наслҳои баъдӣ  ва барои худи  аврупоиён

Китоби нав. Зайнуддин Заҳруддинов. “Ҳосили ҳаёт”

​Муаллифи китоби мазкур Зайнуддин Заҳруддинов, ки ба синни мубораки 80 қадам ниҳодааст, яке аз шахсонест, ки тамоми умри бобаракати хешро ба хидмати мардум бахшидааст ва солҳои тўлонӣ дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ кор карда, саҳми муносиби хешро дар ободонии Мастчоҳи навин гузоштааст.   «Ҳосили ҳаёт» тадриҷан хонандаро бо даврони бачагию ҷавонӣ, илм омўзӣ, фаъолияти корӣ, таърихи зодгоҳ, хонавода, аҷдодони падарию модарии муаллиф бо шаҷараномаҳояшон шинос мекунад. Инчунин навиштаҳои ўро дар бораи устодону шогирдону дўстонаш ва навиштаҳои ононро дар бораи муаллиф дарбар гирифтааст. Зайнуддин Заҳруддинов 18 -

Мулоқоти Директори Китобхонаи миллӣ бо Котиби дуюми Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон

19 августи соли 2020 Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Файзализода Ҷумахон Хол Котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фаррух Азизовро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб барои таҳким ва густариши робитаҳои мутақобилаи судманд баррасӣ шуданд. Ҳар ду ҷониб бори дигар тамоили худро барои рушди ҳамкории судбахш таъкид