Activities calendar

18 августа 2020

Бузургдошти Ҳаким Абуалӣ ибни Сино. Як пора аз китоби Сотим Улуғзода “Пири ҳакимони Машриқзамин

​Тоҷикписари  замоне дар деҳи Афшанаи вилояти Бухоро ба дунё омадаро номи ҷовидонӣ ва шўҳрати ҷаҳонӣ насиб гардид. Дар ҳамаи мамлакатҳои мутамаддини олам ҳазорумин соли валодати ўро бо тантана қайд мекунанд. Маросими ёдбуди ў ҷашни илму дониш аст. Абуалӣ ибни Сино даҳ аср пеш дар ҳукмронии тассуботи мазҳабӣ ва эътиқодоти хурофӣ парчами ақл, илм ва ҳикматро барафрошт. Дар шароите, ки ҳаёти инсон назди ҳукумдорон, мустабидон, зўроварони феодалӣ арзише надошт, ў 

Сайре дар китобхонаҳои бузурги олам: Китобхонаи миллии Фаронса

Китобхонаи миллии Фаронса дар хиёбони Ришелю минтақаи “Париж ду” воқеъ шудааст. Поягузорони Китобхонаи миллии Фаронса подшоҳони Фаронса мебошанд. Карли V дар солҳои (1360-1380) аввалин китобхонаи салтанатӣ бо дороии ҳазор нусхаи хаттӣ дар яке аз толорҳои сохтмони Лувр  барои худ сохт. Жил Моле дар соли 1373 феҳристе аз нусхаҳои мавҷуд дар китобхонаро таҳия намуд, ки ҳанӯз дастнависи он дар бахши нусхаҳои хаттии китобхона мавҷуд аст. Ҷойнишинони Карли V ба ин 

Абдусалом Деҳотӣ дар бораи Ҷинайдулло-Маҳдуми Ҳозиқ

Аслаш аз Ҳирот аст ва дар замони амир Ҳайдар (баъд аз соли 1801) ба Бухоро омада, пас аз чанд вақт ба Хуҷанд, ба даргоҳи Умархон рафтааст. Сабаби ин ҳиҷрати Ҳозиқ дар ҳеҷ куҷо қайд нашудааст. Аммо чунон ки шеърҳояш шаҳодат медиҳанд, Ҳозиқ шоири хеле нозуктабъ, ҳассос буд. Одатан шоирон ба зулму ситами беандоза ва ҳаёти разилонаи амир, аҳли дарбори вай ва уламои бухории ҳамонвақта тоб оварда наметавонистанд ва онҳо бинобар ин ки аз муборизаи ошкоро бурдан ба муқобили истибдоди амир оҷиз буданд, ягона чораи «халосии» худро чунин медонистанд, ки аз қаламрави ин амир гурехта ба дарбори амир ё шоҳи дигар паноҳ баранд. Хусусан, он вақтҳо хони Фарғон  – Умархон ба маорифпарварӣ ва адабиётдўстӣ ном 

Муаррифии китоб: “Пешвои мо”

Дар китоби «Пешвои мо», ки аз ашъори адибони тоҷик меҳрномае дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирд оварда шудааст, сабки назми муосир мушоҳида мешавад.

Каломи муваззани ин китоб садоқатномаи шоирон нисбат ба фидокориҳои бемисли Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Фасоҳату бадеияти калом, парвози баланди андеша, шаклу мазмуни олии баёни воқеиятҳои солҳои гуногун таҷассумгари маърифати иҷтимоиву адабии симои 

Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Авлод Ҳусайнхон

Таҷаллии Деҳлавӣ, мутваттин ба Ёрканд. Мумоилайҳи дар хурдсолӣ ҳамроҳи падари худ дар аҳди Яъқуббачаи ҳокими Кошғар аз ватани аслиаш –Деҳлӣ ба Кошғар ҳиҷрат карда, баъд аз он сафари Ҳиҷоз ва адои ҳаҷ намуда, ба Кошғар баргашта, дар он ҷо дар мавзеи Хаҷаариғ аз музофоти Ёрканд мутаваттин шуда. То авоили инқилоб, ки 1917 мелодӣ аст, барҳаёт ва бо дўстони туркистониаш мукотаба дошт. Ҳоло аз ҳолаташ чизе маълум нест (дар он вақт бояд синнаш аз ҳафтод мутаҷовиз