Китоби нав барои донишҷӯёни макотиби тиббӣ: ФАРМАКОЛОГИЯ

 Муаллифи ин китоб профессор Бӯстон Ишонқулова мебошад. Бӯстон Ишонқулова дар омўзиши гиёҳхои шифобахши Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузорад ва натиҷаҳои ин таҷрибаҳо ба рисолаи докториаш ворид карда шуданд. Бустон Астановна муаллифи монографияи «Гиёҳҳои шифобахши қандпасткунандаи Тоҷикистон” низ мебошад.

Фармакология яке аз бахшҳои асосии илми тиб буда, бо маводҳои доругии таъсирбахши зиёде тибби амалиро бою ғанӣ гардонидааст. Рушди фармакология ва саноати фармасевтӣ бо дастовардҳои бузурги тадқиқотҳои фундаменталӣ ва нанотехнология яке аз бахшҳои асосии муолиҷаи бемориҳо мебошад. Пас донистани фармакология ва фармакотерапия барои табибон ниҳоят муҳим аст.

Китоби мазкур барои  донишҷўёни соли 3-юми мактабҳои олии тиббӣ пешниҳод шудааст. Дар фаслҳои китоб маълумот оиди беморӣ,механизмҳои таъсири доруҳо аз рӯйи талаботи адабиёти дарсӣ пешкаш шудааст. Ва инчунин оиди рустаниҳои шифобахши Тоҷикистон ва истифодаи онҳо барои муолиҷаи бемориҳо маълумот дода шудааст.

Шарофат Мирзоева,

сармутахассиси шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ.